Оқибати авбошӣ
Оқибати авбошӣ
Судшаванда Ф.О. санаи санаи 17.11.2024 сол тахминан соати 03:00 дақиқа аз ҷониби гурўҳи шахсон бо ҳамроҳии рафиқаш А. дар нуқтаи сўзишворӣ воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Чинор, деҳаи Чинор бе ягон асосҳои кофӣ аз ҳиссиёти баланди авбошӣ бо фурўшандаи нуқтаи сўзишворӣ, яъне ҷабрдида А.Н. ҷанҷолу муноқиша намуда, нисбаташ дашному суханҳои таҳқиромезро раво дида, манфиатҳои ҷамъиятиро ба инобат нагирифта, дар назди атрофиён ба охирон дарафтода, мавриди лату кўб қарор додаанд.
Дар натиҷаи ин кирдорҳои судшаванда Ф.О. тартиботи ҷамъиятӣ дағалона вайрон ва оромии шахсони дар нуқтаи сўзишворӣ қарордошта халалдор гашта, ин ҷанҷоли онҳоро пешгирӣ ва қатъ менамоянд.
Суд кирдори судшаванда Ф.О.-ро бо моддаи 237 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои авбошӣ, яъне яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо зўроварӣ ба шаҳрвандон ё таҳдиди истифодаи зўроварӣ муқаррар мекунад, банду баст менамояд.
Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Ф.О. бо моддаи 237 қ.1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои сазовор таъин карда шуд.