Оқибати саривақт мавриди баррасӣ қарор надодани муроҷиатҳо
Оқибати саривақт мавриди баррасӣ қарор надодани муроҷиатҳо
Прокуратураи шаҳри Панҷакент ҳангоми гузаронидани санҷиши ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар фаъолияти ШМКАТС ш.Панҷакент муайян кардааст, ки роҳабри корхонаи мазкур Б.Н. бархилофи талаботи моддаи 18 қонуни мазкур муроҷиати кормандони марказ Каримова З. ва дигарон ҷамъ 58 нафар аз санаи 23.05.2024 сол, оиди таъмири хоҷатхона ва роҳи он ворид шуда, аризаи мазкур барои баррасӣ ба ӯ вогузор гардидааст, ки аз рӯзи ворид шудани муроҷиат зиёда аз 40 рӯз гузаштааст. Муроҷиати мазкур аз ҷониби номбурда мавриди баррасӣ қарор дода нашуда бидуни сабабҳои узрнок муҳлати баррасии онро гузаронида то ҳол ба муаллиф ҷавоби хаттӣ дода нашудааст..
Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Б.Н.-ро бо моддаи 87 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои бидуни сабабҳои узрнок риоя накардани тартибу муҳлати баррасии муроҷиатҳо, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гардидааст, ҳангоми набудани аломатҳои ҷиноят, банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Б.Н. дар доираи раводиди моддаи 87 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.