Ғ О Р А Т Г А Р Ӣ
Ғ О Р А Т Г А Р Ӣ
Дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи суди ш.Панҷакент парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда Т.О. санаи 28 сентябри соли 2024 дар ошхонаи дохили бозори марказии шаҳри Панҷакент дар ҳолати мастӣ қарор дошта, дидааст, ки шиносаш Н. дорои маблағи пулӣ буда, дар дохили ҷайби шими варзишии пўшидааш гузошта будааст. Ин маврид ба ў нияти ғаразноки тасарруф намудани маблағи пулӣ пайдо шудааст. Пас Т.О. бо мақсади содир намудани ғоратгарӣ ва бо ин васила ба даст овардани фоидаи муфт аз паси Н. пайгирӣ намуда, тахминан соати 14:30 дақиқа, дар кўчаи Шафтолузори шаҳри Панҷакент, дар пушти бинои собиқ “Содиротбонк”-и шаҳри Панҷакент дастгир намуда, дар кўча дар назди мардум, ки озод гашту гузор мекардаанд, ба тариқи ошкоро, бо истифодаи зўроварӣ, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфнок нест, номбурдаро зада, ба замин афтонида, дастонашро тоб дода, аз дохили ҷайби шими варзишии пўшидааш, маблағҳои пулӣ ба миқдори 2730 сомониро тасарруф намуда, зарари ҷиддии моддӣ расонида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷўйӣ санаи 30 сентябри соли 2024, Т.О. дастгир гардида, худи ҳамон рўз қисми маблағҳои пулӣ ба миқдори 1800 сомонӣ дарёфт ва ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст.
Суд кирдори содирнамудаи Т.О.-ро бо моддаи 248 қисми 2 бандҳои “в,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои ғоратгарӣ, яъне ошкоро тасарруф кардани молу мулки ғайр, бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд ва бо истифодаи зўроварии барои ҳаёт ё саломатӣ хавфнок нест, муқаррар менамояд, банду баст менамояд
Ба судшаванда мувофиқи ҳамин модда ҷазои сазовор таъин карда шуд.