Ошкоро супоридани даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда
ТАЪИНОТ
оид ба ошкоро супоридани
даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда
Аз 10-уми августи соли 2023 шаҳри Панҷакент
Судяи суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Мирзозода М.Ҳ. парвандаи оилавӣ бо даъвои Музаффарова Адиба Соатовна ба ҷавобгарии Ҷабборов Зиёратулло Раҷабович, Ҷабборов Кароматилло Раҷабович, шахси сеюм Идораи нотариалии давлатии шаҳри Панҷакент дар бораи дароз намудани муҳлати ќабули меросро баррасӣ намуда,
М У А Й Я Н К А Р Д:
Даъвогар Музаффарова А.С. бо аризаи даъвогии номбурда ба суд муроҷиат намуда, хоҳиш намудааст, ки талаби даъвояш ќонеъ карда шавад.
Суд барои ҷалб намудани ҷавобгарон Ҷабборов Зиёратулло Раҷабович ва Ҷабборов Кароматилло Раҷабович ба баррасии парванда чораҳо андешид. Аммо аз маълумотномаҳои Ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент аз 08.08.2023 сол таҳти №1385-1386 муайян гардид, ки ҷавобгарон Ҷабборов З. ва Ҷабборов К. айни замон дар суроғаи шаҳри Панҷакент, Ҷамоати деҳоти Ёрӣ, деҳаи Дашти Ќозӣ истиќомат накарда, дар Федератсияи Россия ќарор доранд.
Тибќи талаботи ќисми 1 моддаи 121 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми номаълум будани маҳалли воќеии истиќомати ҷавобгар судя баъди баргаштани хабарнома ё даъвати судӣ, ки ќабули онҳоро ташкилоти истифодаи манзилӣ ё маќомоти худидоракунии маҳалли ҷойи охирини истиќомати ҷавобгар ё маъмурияти ҷойи кори охирини маълуми ҷавобгар тасдиќ намудаанд, оид ба ошкорро супоридани хабарнома ё даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда таъиноти судӣ ќабул мекунад.
Суд бо назардошти ҳолати боло мувофиќи маќсад донист, ки бинобар номаълум будани маҳалли зисти воќеии ҷавобгарон Ҷабборов З. ва Ҷабборов К. ва ошкоро супоридани даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои замимашуда таъинот ќабул намояд.
Бо дастрасии моддаҳои 121, 229 ва 230 Кодекси мурофиавии граҷдании Ҷумҳурии Тоҷикистон судя,
Т А Ъ И Н К А Р Д:
Ба ҷавобгарон Ҷабборов Зиёратулло Раҷабович ва Ҷабборов Кароматилло Раҷабович супоридани даъвати судӣ бо ҳуҷҷатҳои замимашуда оид ба парвандаи оилавӣ бо даъвои Музаффарова Адиба Соатовна ба ҷавобгарии Ҷабборов Зиёратулло Раҷабович, Ҷабборов Кароматилло Раҷабович, шахси сеюм Идораи нотариалии давлатии шаҳри Панҷакент дар бораи дароз намудани муҳлати ќабули мерос, ошкоро эълон карда шавад.
Ба даъватномаи судӣ ҳуҷҷатҳои зерин замима мегардад: нусхаи аризаи даъвогӣ, бо ҳуҷҷатҳои замимашудааш дар ҳаҷми 21 (бисту як) саҳифа.
Нусхаи таъинот аз рўзи ќабул шуданаш дар ҷойи эълонҳои судӣ насб карда шавад ва дар сомонаи расмии суди шаҳри Панҷакент ҷойгир карда шуда, пас аз гузаштани як моҳ аз рўзи насб шуданаш ба ҷавобгарон Ҷабборов Зиёратулло Раҷабович ва Ҷабборов Кароматилло Раҷабович ошкоро супоридашуда эътироф гардад.
Дар сурати баъд аз гузаштани як моҳ аз рўзи дар ҷои эълонҳо насб шудани таъинот дар бораи ошкоро супоридани даъвати судӣ ва ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда ба суд ҳозир нашудани ҷавобгарон Ҷабборов Зиёратулло Раҷабович ва Ҷабборов Кароматилло Раҷабович парвандаи оилавӣ бо даъвои Музаффарова Адиба Соатовна ба ҷавобгарии Ҷабборов Зиёратулло Раҷабович, Ҷабборов Кароматилло Раҷабович, шахси сеюм Идораи нотариалии давлатии шаҳри Панҷакент дар бораи дароз намудани муҳлати ќабули мерос, дар ғоибии ҷавобгарон баррасӣ карда шавад.
Баррасии парвандаи оилавӣ бо даъвои Музаффарова Адиба Соатовна ба ҷавобгарии Ҷабборов Зиёратулло Раҷабович, Ҷабборов Кароматилло Раҷабович, шахси сеюм Идораи нотариалии давлатии шаҳри Панҷакент дар бораи дароз намудани муҳлати ќабули мерос, ба соати 10:00 даќиќа дар санаи 12-уми сентябри соли 2023 мавќуф гузошта шавад.
Судяи суди
шаҳри Панҷакент Мирзозода М.Ҳ.