ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ИФТИХОРИ МОСТ!
ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ИФТИХОРИ МОСТ!
Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи масъулияти шаҳрвандии ҳар фарди бедордили ҷомеа маҳсуб меёбад.
Парчами миллӣ баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдории дастовардҳои истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад.
Анъанаи парчамдории халқи мо таърихи чандинҳазорсола дошта, аҷдодони шарафманди мо ҳамчун посдорони фарҳангу тамаддуни куҳан роҳи тӯлонии парчамдориро тай намудаанд.
Дар ин замина, метавон аз таърихи пурифтихори парчамдории Бохтар, Суғду Хатлон ва дигар давлатҳои қадимаи тоҷикон, бахусус парчами Коваи Оҳангар ёдовар шуд, ки гувоҳи ҳуввияти миллӣ ва сарбаландии гузаштагони мо мебошанд.
Мояи ифтихор аст, ки «Дирафши Ковиён» то замони мо аҳамияти таърихии худро ҳифз карда омадааст ва он дар маркази Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгузин гардида, ҳамчун нишони абадияту бардавомии таърихии давлатдории миллии точикон маҳсуб меёбад.
Президенти кишвар, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихор аз таърихи парчамдории миллати тоҷик иброз доштаанд, ки «Ҳанӯз дар парчами Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида, он рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ливои Коваи Бузург бошад — нишонаи равшани муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад».
Аз ин рӯ, бузургдошти Парчами давлатӣ-арчгузорӣ ба таҷрибаи давлатдории гузуштагони форсу тоҷик маҳсуб ёфта, ҳимоя ва қадрдонии он ба кушишҳои ҳар як фарди ҷомеа тавъам мебошад.
Аз он баъд низ миллати тоҷик рисолати тамаддунофарии худро ҳамеша ҳифз намуда, дар интиҳои асри гузашта ба истиқлолияти комил шарафёб шуд.
Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон қабул гардида, аз ҳамон давр инҷониб 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи парчами миллӣ аз ҷониби мардуми сарбаланди кишвар бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад.
Парчами миллӣ ҳамчун рамзи муҳими истиклолияти миллӣ, таҷассумгари таърих, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои мардуми Тоҷикистон,мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худогоҳ ва ватанпарасти мамлакат мебошад.
Парчам рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои он ба шумор рафта, сокинонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ далолат менамояд.
Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.
Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба парчам маънои эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои деринаи таърихӣ ва фарҳангиву маънавиёти миллӣ ва гузашта аз ин, эҳтироми миллат ва давлату давлатдорӣ буда, дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди Миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти милливу давлатӣ маҳсуб меёбад.
Муҳаббату эҳтироми Парчами миллӣ бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта, ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.
Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бояд рисолати таърихӣ, қарзи фарзандӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа бошад.
Дар робита ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки: «Дар ҷаҳони муосир ҳар як давлату миллат бо рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Конститутсия, Нишон, Парчам, Суруди миллӣ ва пули миллӣ шинохта мешавад, яъне ин нишонаҳо муаррификунандаи кишвари соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошанд».
Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.
Дар парчами давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёгон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниён маншаъ мегиранд, ҳамчун таҷассумгари мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу субот, саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд.
Бо парчами нави давлатӣ орзуҳои нав ва интизориҳои халқи тоҷик ба вуҷуд омад.
Моҳи сентябри соли 2011 бо муносибати 20 солагии Истиқлолияти давлатӣ баландтарин парчам дар чаҳон (бо баландии 165 м) бунёд ва он ба китоби Рекордҳои Гиннес ворид карда шуд.
Дар чунин шаклу андоза бунёди парчам ифодагари ғурури сатҳи давлатдорӣ ва ё худнамоӣ набуда, он ифодаи давлатдории қадимии халқи тоҷик мебошад, ки ба ҳар як метри он як давраи таърихии нашъунамои миллию сиёсии точикон рост меояд.
Қуллаи парчам қуллаи баланди ташкили давлатдорӣ, давлатдории мустакил мебошад, ки онро тоҷикон ба баҳои талафоти беназири моддию маънавӣ ва ҷонӣ дар тули таърих ба даст овардаанд.
Котиби маҷлиси судии
Суди шаҳри Панҷакент Давлатзода М.Б.