Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз, 16 ноябри соли 2020 дар суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд вобаста Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.

Дар маҷлиси тантанавӣ судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи суди шаҳри Панҷакент дар мавзӯӣ шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президенти будан иштирок ва баромадҳо намуданд.

 

Рӯзи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» рӯзи Президент муайян шудааст.

Аз саҳифаҳои таърих ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шуруъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд. Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рӯзи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайнкунандаи рушди минбаъдаи Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлатӣ соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа шӯруъ намудааст.

Дар таърихи давлатдории кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон шахсиятҳои таърихиву барҷаставу номбардоре вомехӯранд, ки онҳо дар марҳилаву вазъиятҳои барои кишварашон мураккабу ҳасос ба арсаи сиёсат омада, суботу осоиштагӣ ва роҳи рушди минбаъдаи мамлакати худро муайян намуда, дар болоравии обруву мақоми давлаташон нақши абадӣ гузоштаанд.Чунин шахсиятҳои барҷаста Ҷорҷ Вашингтон Президенти Амрико, ки то имрӯз мардуми амрико ба эҳтироми ӯ зодрузашро ҳамчун рӯзи Президент ҷашн мегиранд, ё худ сарвари мамлакати Хитой Мао Сзе Дун, Ҷумҳурии Туркия Мустафо Камол дар пешрафти кишварҳои худ саҳми арзишманд доранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин истисно нест ва барои ҳамин дар Қонун рӯзи Президент ҷой дода шудааст.

Истилоҳи президент аз калимаи лотини гирифта шуда, маънои «дар сафи пеш шинанда»-ро дорад.Президент сарвари давлат дар давлатҳои шакли идоракуниашон президентӣ ё омехта мебошад.Дар ҷумҳуриҳои парлумонӣ бошад, мутобиқи муқаррароти Конститутсия президент ба муҳлати муайян ё аз тарафи парлумон ва ё аз тарафи коллегияи махсус, ки аз ҷонибии парлумон ташкил карда мешавад, интихоб мешавад. Дар ҷумҳуриҳои президентӣ президент бо роҳи ғайрипарлумонӣ, яъне бо роҳи интихоботи мустақим ё бавосита интихоб карда мешавад.тДар ин ҷумҳуриҳо президент функсияҳои шохаҳои ҳокимиятро пайваст мекунад.

На ҳама сарвари давлат президент номида мешавад. Дар фарқият аз монарх президент аз тарафи халқ интихоб шуда, салоҳияти худро дар муҳлати муайян амалӣ менамояд.

Эҳтимоли куллӣ меравад, ки дар ҷаҳони антиқа ашхоси дар ҷамъомадҳои гуногун роҳбарикунандаро «президент» меномиданд. Лек калимаи «президент» ба маънои муосираш, яъне «сарвари давлат» то асри 18 истифода намешуд. Танҳо ҳангоми тайёрӣ ба қабули Конститутсияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико соли 1787, вақте ки савол дар бораи чӣ гуна номгузорӣ кардании сарвари нави интихобии давлат пайдо шуд, бори аввал истилоҳи президент барои ифодаи номи чунин шахси вазифадор истифода гардид.

Дар сохтори давлатии зиёда аз 130 давлати аъзои Созмони Миллали Муттаҳид мақоми президент вуҷуд дорад. Ин адад паҳншавии институти президентиро дар ҷомеаи муосир инъикос мекунад. Ҳамчунин қайд кардан ҷоиз аст, ки дар ҳар давлат президент салоҳиятҳои гуногун дорад.

Мувофиқи Қонун “Дар хусуси таъсиси вазифаи Пезиденти ҶШС Тоҷикистон ва тартиби интихоби ў” аз 29 ноябри соли 1990 вазифаи Президент бо мақсади таъмини дигаргунсозиҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ, таҳкими сохти конститутсионӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодӣ ва амнияти шаҳрвандон таъсис дода шуда буд. Дар асоси он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба вазифаи ў шахсе, ки синнаш аз 35 кам набошад, бо овоздиҳии пинҳонӣ дар Шўрои Олии Тоҷикистон, аз тарафи вакилони халқ интихоб мешуд ва бо қарори Шўрои Олӣ, ки бо тарафдории аз се ду ҳиссаи вакилони халқ қабул мегардид аз вазифа озод карда мешуд.Бо ҳамин тартиб 30 ноябри соли 1990 Қаҳҳор Махкамов аввалин бор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Сипас, бо қабули қонуну қарорҳои гуногун ва тезутунд шудани вазъияти ҷамъиятию сиёсӣ дар ҷумҳурӣ мансаби Президент ба дигаргуниҳо дучор гардида, Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 1992 ҳокимияти президентиро бекор кард. Бо ҳамин давраи якуми таъсис ва фаъолияти Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт.

Давраи дуюми таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соли 1994 рост меояд. Мувофиқи Қонун “Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 20 июли соли 1994 мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав таъсис карда шуд. 21 июли соли 1994 Шўрои Олӣ Қонун “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”–ро қабул кард ва якҷоя бо раъйпурсӣ дар бораи қабули Конститутсия интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъин кард. 6 ноябри ҳамон сол тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар интихоботи умумӣ ва мустақим интихоб гардид.

Конститутсияи Тоҷикистон вазъи ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян кардааст. Мувофиқи он “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.”

Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон тариқи интихоботи  умумӣ, мустақим, баробар ва бо овоздиҳии пинҳонӣ ба мўҳлати 7 сол интихоб менамоянд.

Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ў аз 30 кам набошад, забони давлатиро донад ва дар қаламрави ҷумҳурӣ на камтар аз 10 соли охир истиқомат дошта бошад, метавонад ба номзадии хешро ба мансаби Президент пешниҳод намояд.