Риоя накардани танзими анъана ва ҷашну маросим

Риоя накардани танзими анъана ва ҷашну маросим

Тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи 141 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ўҳдадоранд ҷашну маросимро бо риояи талаботи Қонуни мазкур баргузор карда, мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллиро доир ба баргузории тўйи домодию арўсӣ ва маросими азодорӣ хабардор намоянд.

Ҳангоми гузаронидани санҷиш бо ҷалби комиссияи доимӣ аз ҷониби кормандони Бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи маҳаллии Ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент муайян гаштааст, ки шаҳрванд А.А. талаботи қисми 1 моддаи 141 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дағалона вайрон карда, тӯйи духтарашро бе хабар кардани мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ аз соати 08-00 то соати 09-00 гузаронидааст.

Ҳуқуқвайронкунанда К.И. бо ин кирдораш муқаррароти қисми 1 моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда А.А.-ро бо моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим пешбини менамояд банду баст мекунад ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда А.А. дар доираи раводиди моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.