Риоя накардани танзими ҷашну маросим
Риоя накардани танзими ҷашну маросим
Санаи 03.02.2025 сол ҳангоми гузаронидани санҷиш бо ҷалби комиссияи доимӣ аз ҷониби прокуратураи шаҳри Панҷакент муайян гаштааст, ки шаҳрванд С.А. талаботи қисми 2 моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дағалона вайрон кардааст, яъне санаи 03.02.2025 сол, аз соати 13:00 дақиқа то сотаи 14:00 дақиқа дар манзили зисти худ маъракаи ҳоҷиошии модарашро бо омода намудани як намуд таом ва бо иштироки зиёда меҳмонон гузаронидааст.
Ҳуқуқвайронкунанда С.А. бо ин кирдораш муқаррароти қисми 5 моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намудааст.
Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда С.А.-ро бо моддаи 481 қисми 5 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани тартиби гузарондани маъракаҳои гуселу пешвоз вобаста ба адои ҳаҷ ё умра (берун аз доираи оила), ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва дигар маърака ба хотири ҳаҷ ё умра, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кўчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ё умра пешбини менамояд банду баст мекунад ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда С.А. дар доираи раводиди моддаи 481 қисми 5 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои сазовор таъин карда шуд.