Риоя накардани танзими ҷашну маросим
Риоя накардани танзими ҷашну маросим
Санаи 24 августи соли 2025 ҳангоми гузаронидани санҷиш бо ҷалби комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии Ҳокимияти Давлатии шаҳри Панҷакент, муайян гаштааст, ки шаҳрванд Х.Р. талаботи қисми 1 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дағалона вайрон кардааст, яъне тӯйм арусии духтарашро бе хабардор кардани комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим гузаронидааст.
Мувофиқи муқаррароти қисми 1 моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд ҷашну маросимро бо риояи талаботи Қонуни мазкур баргузор карда, комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросимро доир ба барпосозии тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ хабардор намоянд.
Ҳуқуқвайронкунанда Х.Р. бо ин кирдораш муқаррароти қисми 1 моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намудааст.
Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Х.Р.-ро бо моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои хабардор накардани комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар хусуси баргузории тўйи домодию арўсӣ пешбини менамояд банду баст мекунад ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Х.Р. дар доираи раводиди моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.