Семинари илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдории миллӣ”

Имрӯз 30.10.2024 сол бо ибтикори Шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент таҳти унвони “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рушди давлатдории миллӣ” дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 бо иштироки роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо, фаъолони шаҳр семинари илмӣ – амалӣ баргузор шуд.

Дар суханрониҳои раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, сардори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Зарафшон Нодирхон Акмалзода, прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи 1 Искандар Раҳматзода, раиси суди шаҳр Диловар Мирзоҳомидзода, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Шуҳрат Анварзода, сардори шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Саидҷон Акобиров, муовини раиси шаҳр Парвина Нақибӣ мавзӯъҳои  Конститутсия- ҳомии ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд ва дастоварди миллии даврони истиқлол, моҳияти ин санади олии ҳуқуқӣ, ифротгароӣ дар байни ҷавонон ва роҳҳои пешгирии он, рафти иҷрои қонун дар бораи танзими ҷашну маросим матраҳ карда шуд.

Дар маърӯзаҳо аз ҷумла, зикр шуд, ки қабули Конститутсия бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ барои таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ ва дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор додани инсон ва ҳуқуку озодиҳои ӯ, манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, инчунин, бунёди ҷомеаи адолатпарвар асос гузошта, кафолати таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистон гардид. Аз ин ҷост, ки Коститутсияи Тоҷикистон ба қатори панҷгонаи беҳтарин чунин санадҳои ҳуқуқӣ дар ҷаҳон шомил гардидааст.

Маҳз дар ин санади олии ҳуқуқӣ эъмори Тоҷикистон ҳамчун давлати сохибистихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян гардида, заминаҳои ҳуқуқии бунёди давлатдории миллӣ таҳким ёфта, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар роҳи татбиқи амалии он қадамҳои устувор гузошта шуд.