Т А Б Р И К О Т

Т А Б Р И К О Т

Пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ 8 – март чун иди Бонувон дар Тоҷикистон боқӣ монд. Баъдан соли 2009 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин ид аз номи “Иди Бонувон” ба “Иди Модарон” номгузори карда шуд ва чун пешин рӯзи 8 – март ҷашн гирифта мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анъана шудааст, ки дар ин рӯз занон аз мардон таваҷҷӯҳ, гул ва тӯҳфаҳо интизоранд. Дар гушаву канори мамлакат ба муносибати ид, аз Ҳукуматҳо сар карда то идораву корхонаҳои хурд чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ва маҷлисҳо ороста мешаванд.

Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
Ҳарчӣ доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.
Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,
Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.

Ривоят мекунанд, ки Худованд накҳат аз гул, нӯш аз ангубин, гармӣ аз офтоб, тароват аз борон, шукӯҳ аз осмон, борондагӣ аз абр, равшанӣ аз субҳ, зебоӣ аз баҳору хушилҳомӣ аз андалебро қатра – қатра ҷамъ оварду занро офарид, то ҷаҳонро равшану инсониятро хушбахт гардонад.

Зан – модар шахси муқаддас аст. Вақте ки симои ӯ пеши назар меояд, аз чашмони ӯ, аз тамоми ҳастии вай нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Зан-модар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад, ишқи поки модар ба мисоли чашмаҳои пурҷӯшест, ки дашту биёбонро гулистоне мекунад. Ширинтарину гуворотарин ва азизтарин сухан ин Модар мебошад.

Зан набошад, зебу зиннат нест дар маъвои мо,
Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо,
Зан набошад, нест дар рӯи замин нақши ҳаёт
Дон, ки бе зан то абад гил бимонад пои мо!

Имрӯз бахшида ба ин рӯзи “Иди Модарон” роҳбарияти суди шаҳри Панҷакент ҳамаи бонувони судро табрик намуда, дар симои бонувони суди шаҳри Панҷакент ҳамаи занону модарон ва бонувони Тоҷикистонро бо ин санаи муборак табрик намуда, аз сидқи дил баҳрашон пирӯзиҳо, хушиҳои зиндагӣ ва ба корҳояшон муваффақиятҳои беназирро орзумандӣ намуд.