Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз санаи 20 ноябри соли 2020 дар бинои суд Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври муносиб насб намуда, имрӯз санаи 24 ноябри соли 2020 дар толори суди шаҳри Панҷакент чорабинии табрикотӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ баргузор намуд, ки дар он роҳабрият, судяҳо ва кормандони дастгоҳ фаъолона ширкарт варзиданд.
Сараввал Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод ва сипас раиси суди шаҳри Панҷакент Мирзоҳомидзода Д. маҷлисро ҳусни оғоз бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Баъдан судяҳо ва кормандони масъули дастгоҳи суди шаҳри Панҷакент бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадҳо намуданд.