Уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи кӯдак
Уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи кӯдак
Мувофиқи банди 7-и моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» волидон уҳдадоранд донишомӯзӣ ва иштироки кӯдакро дар раванди таълим назорат карда, бо маъмурияти муассисаи таълимӣ, омӯзгорон ва кормандони дигари соҳаи маориф оид ба таълими кӯдак мунтазам ҳамкорӣ намоянд.
Фарзанди ҳуқуқвайронкунанда П.Н. дар синфи 10 МТМУ №15-и шаҳри Панҷакент таҳсил намуда, аз бепарвоии падару модар ва омӯзгор истифода намуда, ба муассисаи таълимӣ саривақт ҳозир нагардида, дар давоми чоряки аввали соли хониши 2024-2025 зиёда аз 51 соат ба дарсҳо иштирок накардааст.
Аз ин хотир бинобар вайрон кардани талаботҳои Қонуни мазкур нисбати П.Н. бо қисми 1 моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.
Бинобар ин суд, кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда П.Н.-ро бо қисми 1 моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои бе сабабҳои узрнок ба таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз панҷоҳ соати дарсӣ дар як чоряки соли таҳсил фаро нагирифтани кӯдак аз тарафи падару модар банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.
Бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда П.Н. дар доираи раводиди қисми 1 моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо таъин карда шуд.