Ҷавобгари барои  қаллобӣ

Ҷавобгари барои қаллобӣ

Судшаванда А.А.Қ. қаблан санаи 16.07.2016 сол бо ҳукми суди шаҳри Панҷакент дар содир намудани ҷинояти пешбиникардаи моддаи 234 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои ҷиноятӣ дар намуди корҳои ҳатмӣ ба муҳлати 160 соат  таъин карда шудааст, инчунин санаи 18.05.2017 сол бо ҳукми суди шаҳри Панҷакент дар содир намудани ҷинояти пешбиникардаи моддаи 247 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои ҷазои ҷиноятӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 912 ншондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба маблағи 34455 сомонӣ таъин карда шудааст, инчунин 25 феврали соли 2019 бо ҳукми суди шаҳри Панҷакент бо моддаи 247 қисми 3, банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 6 сол, аз озодӣ маҳрум карда шудааст, аз кирдорҳои қаблан содир намудааш ба худ хулосаи зарури набароварда ба содир намудани ҷиноятҳои қасдонаи қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ, такроран, бо расонидани зарари ҷиддӣ даст зада, ҷиноятҳои мазкурро дар ҳолати ретседив дар ҳолати зайл содир намуд.

Чунончӣ, А.А.Қ такроран, моҳи октябри соли 2018 бо мақсади ғараз, яъне бо роҳи муфт ба даст овардани маблағи пулӣ, дар назди беморхонаи шаҳри Панҷакент бо шаҳрванд Баротов Луғмонҷон Муҳаммадович шиносои пайдо кард. Сипас, ӯ бо роҳи фиреб ба боварии Боротов Л.М. даромада, тариқи телефони мобилӣ номурдаро фиреб медиҳад, ки ҳангоми 300 сомонӣ доданаш, дар рӯзи дигар ин маблағро 400 сомонӣ карда бармегардонад. Бо ҳамин роҳ, ӯ аз боварии Б.Л.М. сӯиистифода бурда, ба назди номбурда ҳамдеҳааш Б.С-ро барои гирифтани маблағи пули равон менамояд. Сипас Боймуродов С. ба назди беморхонаи маркази шаҳри Панҷакент омада, бехабар аз кирдорҳои А.А.Қ. аз дасти Б.Л.М. маблағи пули ба миқдори 300 сомониро гирифта, ин маблағҳои пулиро дар ҳудуди деҳаи Чорбоғи шаҳри Панҷакент ба А.А.Қ. медиҳад. А.А.Қ. маблағи бо роҳи фиреб тасарруф намудаашро ба манфиати шахсияш истифода намуда, ба Б.Л.М. зарари моддии ҷиддӣ ба миқдори 300 сомонӣ расонидааст.

Инчунин, А.А.Қ кирдорҳои ҷинояткоронаашро давом дода, такроран санаи 20.06.2018 сол бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт дар назди мавзеи мармари деҳаи Чорбоғи шаҳри Панҷакент қарор дошта, бо шаҳрванд  Б.С. вохӯрда, аз боварии номбурда сӯиистифода намуда, ба охирон бо роҳи фиреб 400 банд алафи хушк ба маблағи 2000 сомонӣ, ки дар асл вуҷуд надоштаро пешниҳод намуд. Сипас санаи 26.06.2018 сол А.А.Қ. ба тариқи телефони ба Б.С.Э. тамос баромада номбурдаро фиреб намуд, ки дар 400 банд алафро тайёр намудаасту маблағи пулиашро бояд гирад. Баъдан Б.С.Э. ба гуфтаҳои А.А.Қ. бовар карда ба ӯ гуфтааст, ки аз манзили истиқоматиаш, аз дасти ҳамсараш М.З. маблағи пулӣ ба миқдори 2000 сомониро рафта гирад. А.А.Қ. аз боварии Б.С.Э. суиистифода намуда, ба манзили истиқоматии номбурда омада аз ҳамсараш М.З.Р. маблағи пули ба миқдори 2000 сомониро бо роҳи фиреб гирифта, маблағҳои мазкурро ба манфиати шахсии худ истифода намуда, ба ҷабрдида зарари ҷиддии моддӣ расонид.

Суд  кирдори судшаванда А.А.Қ.-ро бо моддаи бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “а,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои  қаллобӣ , яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр  бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ , такроран , бо  расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд муқаррар менамояд, банду баст менамояд.

Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд А.А.Қ. бо моддаи  247 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шуд.