Бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудан 

Бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудан 

Дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Панҷакент парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати К.А. бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода маълум намуд, ки К.А. санаи 29.02.2024 сол бо автомашинаи тамғаи «Опел — Зафира» рақами қайди давлатиаш 0389 НМ 02 дар ш.Панҷакент бе иҷозатнома ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул шудааст, ки нисбаташ бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии Маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмури тартиб дода парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Нисбати ҳуқуқвайронкунанда К.А. бо моддаи 510 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои сазовор таъин гардид.