Маҷлиси тантанавӣ

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Суди шаҳри Панҷакент бо иштироки ҳайати кормандони Суди шаҳри Панҷакент, Суди ноҳияи Куҳистони Мастҷоҳ ва Суди ноҳияи Айнӣ оиди дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 28 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ бо ворид намудани Парчами давлатӣ ва озод хондани суруди миллӣ ҳусни оғоз башида шуд.

Сипас раиси Суди шаҳри Панҷакент Мирзоҳомидзода Д. баромад намуда иброз намуд, ки Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст, ки 28 сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик бавучуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9 сентябр расман Рузи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озоди, ҳамфикрию ҳамзисти ва осоиштагиву абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст.

Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеи фароҳам овард, ки роҳи имрузу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба суи ҷомеаи демократи, хуқуқбунёд ва дуняви интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии ватану ватандори, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандаги, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омузонда , меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар як фард ва олитарин дараҷаю бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.

Моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб  Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро баровард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи у иртиботи ҳамаҷониба доранд. Аз рузи сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди баруманди халқ Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ меъерхои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, пули милли ба муомилот баромад ва шиносномаи милли дар арсаи ҷаҳони эътироф гардид. Мо яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил артиши милли ва неруҳои сарҳадиро таъсис дода ҳифзи марзу буми ватан ва сарҳади давлати худро таҳти назорати доими гирифтем. Чунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли пешвои миллат президенди мамлакат Эмомали Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири милли мебошад, ки моҳиятан шакли хуқуқбунёд, иҷтимои ва дунявиро дорад.

Дар даврони начандон тулонии Истиқлолият мо ба дастовардҳои бузург ноил гаштем.

— 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро ба тариқи райъпурси умумихалқи қабул намудем, чандин неругоҳҳо, роҳҳои автомобилгард, корҳонаҳо сохта ба истифода додем. Дар даврони Истиклолият мақомотҳои ҳифзи хуқуқ ҳам ба дастовардҳои хеле зиёд ноил гаштанд. Қонуну кодексҳои давлати соҳибихтиёри худро қабул намудем. Махсусан мақомоти судии кишварамон дар даврони истиқлолият ба бисёр дастовардҳо ноил гашт. Яке аз дастовардҳои муҳими мақомоти суди ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Пас аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади саривақт таъмин намудани ҳифзи хуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ва бехатарии давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти судии ҷумҳури супориш доданд, ки лоиҳаҳои қонунҳоеро таҳия намоянд, ки онҳо ба талаботи замона қолабҳои байналмиллалии марбути рушди низоми суди мувофиқ бошанд.

Ҳамчунин раиси суди ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ баромад намуда, қайд намуд, ки дар даврони Истиқлолият қариб тамоми биноҳои судҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар аз навсозӣ ва таъмир  карда шуданд. Мисоли равшан соли равон 20 август дар ноҳияи Куҳистони Масчоҳ бинои нави замонавии суд бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат асосгузори сулҳу ваҳдати милли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуд.

Самараи неки истиқлол аст, ки имруз Тоҷикистон дар дунё чун давлати сулҳхоху сулҳпарвар шинохта шудааст. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон  манбаи омузиши сулҳхохони чаҳон гашт, ки боиси ифтихори ҳар як қавми тоҷикмиллат аст. Мо бояд аз ин миллати баруманд биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кушишу щайрат намоем. Аз ин лиҳоз бо чунин орзуҳо гуфтаниям. Бигзор иди муқаддаси истиқлолият барои ҳар як фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломати, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушишҳо оварад.