Худсарона бар хилофи тартиби муқарарнамудаи қонун  ё санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ ба амал баровардани ҳуқуқи воқеъӣ.

Суди шаҳри Панҷакент вилояти Суғд, дар ҳайати раисикунанда М.Ф., бо котибии  Ҳ.Д., бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ, Ф.С. дар маҷлиси ошкорои судӣ, толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Панҷакент парвандаи ҷинояти нисбати:- Б.Л. шаҳрванди  Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо моддаи 334 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста шуда, нисбаташ чораи пешгирӣ дар бораи бо забонхат тарк накардани маҳалли истиқомат татбиқ карда шудааст, мавриди барраси  қарор дода суд муайян кард, ки Б.Л. аз моҳи ноябри 2019 сол, бо шаҳрванд М.П. шиносои ва доду гирифти қарзӣ дар масъалаи хариду фурӯши оҳанпораҳо дошта, дар моҳи декабри 2019 сол, М.П. маблағи 5240 қарздор шудааст. Аз ҷониби М.П. то охирҳои моҳи феврали 2020 сол, як қисми маблағи қарзи Б.Л. пардохт гардида боқимонда қарзи М.П. дар назди Б.Л. 3400 сомонӣро ташкил додааст, ки то инҷониб ин маблағи пулии қарзашро М.П. ба Б.Л. барнагардонидааст. Сипас Б.Л.Н. санаи 21 апрели соли 2020, тахминан соати 06-30 дақиқа, ба кӯчаи шаҳри Панҷакент бо мақсади гирифтани маблағи қарзи боқимондааш, ки  3400 (се ҳазору чорсад) сомониро ташкил медиҳад аз шаҳрванд М.П., ки мувақатан дар кӯчаи мазкур зиндагӣ мекунад ҳозир шуда талаб намудааст. Бинобар М.П. ба зангҳои телефонии ӯ ҷавоб надодааст, ӯ автомашинаи тамғаи «Хундай Портер» рақами қайди давлатиаш 8480НА02 , ки ба М.П. тааллуқ доштаро дар кӯчаи мазкур мушоҳида карда, ба худ бар ивази қарзаш гирифтани автомашинаи мазкурро пайдо карда, худсарона бархилофи тартиби муқаррарнамудаи қонун ё санади дигари меъёрии хуқуқӣ автомашинаи мазкурро бо калиди қаблан аз М.П. гирифтааш муҳарики онро ба кор дароварда, ба манзили истиқоматии худ, воқеъ шаҳри Панҷакент, идора карда рафта, ба М.П. зарари ҷиддӣ ба маблағи 60000 сомонӣ расонидааст.

Ҳангоми таъини ҷазо нисбати судшаванда Б.Л суд хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти гунаҳгор, хусусият ва андозаи зарарӣ расонидашуда, ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунанд, ба назар мегирад.

Тибқи қисми 1 моддаи 9 ҳамин Кодекс ба шахси ҷиноят содирнамуда бояд ҷазое таъин гардад ё чунин чораи дорои хусусияти ҳуқуқии ҷиноӣ раво дида шавад, ки барои ислоҳи ӯ ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои нав зарур ва кофӣ бошад.

Тибқи талаботи моддаи 61 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо дар кирдори судшаванда Бобобеков Лутфулло Насриддинович сидқан пушаймон шудан, ва аз ҷои зист хислатномаи мусби доштан арзёби мегардад.

Тибқи талаботи моддаи 62 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолате, ки вазъи судшаванда Бобобеков Лутфулло Насриддинович вазнин мекунад дар кирдори судшаванда дида намешавад.

Бо дастрасии моддаҳои 78, 310, 332-336, 339, 341-343, 348,350 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  суд-

ҲУКМ    КАРД:

Б.Л. бо моддаи 334 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба мӯҳлати 1 (як) сол  бо нигоҳ доштани 20 (бист) фоизи музди меҳнат дар ҷои кори маҳкумшуда ё ҷойҳои дигаре, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муайян менамояд, вале дар ҷои истиқоматӣ маҳкумшуда, таъин карда шавад.

Иҷроиши ҳукм ба зимами НКИ Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вогузор карда шавад.

Чораи пешгирии судшаванда дар намуди  забонхат дар бораи тарк накардани маҳалли истиқомат то эътибори қонуни пайдо намудани ҳукми суд бетаъғир гузошта шавад.

 

Раисикунанда:-              М.Ф.