ИСТИҚЛОЛИЯТ    ПИРӮЗИИ    МИЛЛАТИ    ТОҶИК

Ба муносибати 29 – солагии Истиқлолияти

Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИСТИҚЛОЛИЯТ    ПИРӮЗИИ    МИЛЛАТИ    ТОҶИК

Ба даст овардани Истиқлолият дар санаи 9 сентябри соли 1991, ки туҳфаи бебаҳо ва деринтизори мардуми тоҷик буд, дар шоҳроҳи иқдоми миллати тоҷик роҳи рушди комилан навро кашф намуд.

        Вожаи “ Истиқлолият” Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор намуд, ки дар андак вақт сохтори давлатро ба меъёрҳои дунявӣ созгор намояд. Тоҷикистонро шинохтани зиёда аз 165 кишвари ҷаҳон далели равшании афкори хирадмандонаи роҳбарияти давлати тоҷикон аст. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, сохтмонҳои азими кишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон зиёд гардонид. Имрӯз ҳар як тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби ватани озод ва давлати мустақил аст.

         Бо шарофати ин неъмати худодод, яъне истиқлолияти давлатӣ, мо имкон пайдо кардем, ки баъди ҳазор сол асолату ҳувияти миллӣ, таърих ва забону фарҳанги миллӣ, суннату арзишҳои неки миллӣ, хулоса ҳастии миллии худро ба хотири иҷрои рисолати бисёр пурмасъулият, вале пурифтихори таърихӣ – эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, яъне ҷомеаи навини давлати соҳибихтиёру озодамон ва зиндагии босаодати наслҳои имрӯзу фардо эҳё намоем.

        Хушбахтии мардуми тоҷик дар он аст, ки дар ҳама ҳолат сабру таҳаммулро пеша карда, маротибае ба марзу бум ва хоки кишвари дигаре чашми тамаъ боз накардааст. Ин худ рамзи ҳимматбаландӣ ва бофарҳангии мардуми шарифи мост.

       Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати давлати мустақил шинохта шудааст. Халқи тоҷик бори дигар собит сохт, ки тоҷикон миллати воҳид ва соҳибтамаддуну дорои забони фасеҳу равон мебошанд.

     Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳангоми қабули аввалин Конститутсияи худ ба ҳайси халқи соҳибихтиёр, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон намуда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин низоми мақомоти салоҳиятдорро дар ин самт муайян ва муқаррар намуданд.

        Тибқи моддаи 20-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад.

          Ин меъёри конститутсионӣ ба зиммаи мақомоти судии кишвар вазифаи басо муҳим ва масъулиятнокро вогузор мекунад.

          Дар ҳамин радиф зарурияти ташаккулёбии ҳокимияти судӣ дар радифи меъёрҳои ҷаҳонӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд, ба миён омад.

       Арзиши аз ҳама воло эътироф кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва эълон доштани бунёди давлати ҳуқуқбунёд, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, зарурияти таҳким ва густариш додани ҳокимияти судиро амри таъхирнопазир гардонд.

           Тамоми дастовардҳои ҳокимияти мустақили судӣ самараи даврони истиқлолият буда, бо ташаббус ва талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешаванд.

     Мақомоти судии кишвар ин рисолати басо муҳимро, ки ба дӯши он вогузор карда шудааст, ба таври амиқ дарк карда, мунтазам барои иҷрои бемайлони он заҳмат мекашанд.

      Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд чун қисми таркибии ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷро намудани ин вазифаи муҳим ва бо дастовардҳои арзанда пешвоз гирифтани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода, нақшаю чорабиниҳои муайянро тартиб дода, мунтазам барои пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мурофиаҳои сайёри судӣ ва вохӯриҳоро барпо намуда, нашри мақолаҳо ва баромадҳоро дар воситаҳои ахбори омма ба роҳ мондааст. Ҳамчунин бинои суд ва саҳни он таъмир ва тозаю озода карда шуда, ташкили ҳарҳафтаинаи корҳои ободонӣ таъмин карда шудааст.

       Ҷашни мубораки дар пешистодаи 29 – уми солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳар фарди баномуси кишвар ҳисси миллиро тақозо менамояд.

         Ид муборак ҳамкасбон ва ҳамватанони азиз!

                                                                                                                 Муҳайиниён Истамбой Ҳасанзода

                                                                                                                 Ёрдамчии раиси Суди шаҳри Панҷакент