Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз 16 ноябр соли 2021 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш бо иштироки Роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди шаҳри Панҷакент баргузор гардид, ки Раиси суд Мирзоҳомидзода Д. ҳамоиши имрӯзаро ҳусни ифтитоҳ бахшида, доир ба аҳамияти таърихии ин рӯзи муқаддас суханрони намуда ҳамчунин таъкид намуданд ки маҳс ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими идораи давлатӣ, яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба иҷрои вазифа аз ҳамин рӯз шурӯъ намудааст.
Бо манзури эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ, ки ин паёмадҳо дар маҷмӯъ, ба салоҳиятнокиву фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишварамон рузи 16 ноябр рузи Президент пазируфта шуд.
Ин рузи таърихӣ чун таҷассумгари орзую омоли неки мардум, кафили сулҳу оромӣ, меҳру муҳаббат, адолату шафқат, хираду пешрафт ва ваҳдату ҳамдилии ҷомеа мебошад.
Ҳамчунин судяҳо ва кормандони дастгоҳ дар мавзуъҳои гуногун доир ба ин ҷашни таърихӣ баромадҳо намуданд.
Дар фарҷоми ҳамоиш Раиси Суди шаҳри Панҷакент ҳамагонро башида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта дар фаъолияти корӣ ва амалисозии адолати судӣ комёбиҳоро таманно намуданд.