Ғайриконунӣ соҳиб шудан ва нигоҳ доштани воситаҳои нашъадор
Ғайриконунӣ соҳиб шудан ва нигоҳ доштани воситаҳои нашъадор
Судшаванда Б.Я. тахминан аввалҳои моҳи майи соли 2023 тахмннан дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Саразми шахри Панҷакент бо Я.О. вохӯрда аз охирон бар ивази маблағи 2500-сомонӣ як адад бастаи селофании дорои воситаи нашъадори навъи “афюн”-ро бо максади истеъмоли шахсиаш ғайриқонунӣ соҳиб шуда, бо худ нигоҳ доштааст.
Санаи 13- майи соли 2023 тахминан соати 22:30 дакика ӯ дар ҳудуди Ҷамоати Саразми шаҳри Панҷакент қарор доштааст, ки ҳамон вақт ҳангоми гузаронидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШК ШВКД Ҷумҳури Тоҷикистон дар ш.Панҷакент бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор дастгир карда шуда, ба бинои Шуъба оварда шудааст. Ҳангоми кофтукови шахсии ӯ аз ҷайби курткаи дар танашбуда, як адад бастаи селофании рангаш шаффоф, ки дар дохилаш маводи хамирмонанди рангаш ҷигарии бӯйи махсус дошта мавчуд буд ёфта гирифта шудааст.
Суд кирдори судшаванда Б.Я.-ро бо моддаи 201 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои муносибати ғайриқонунӣ бо воситаҳои нашъадор, яъне ғайриконунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан ва интиқоли воситаҳои нашъадор бе мақсади ба соҳибияти каси дигар додан, ба миқдори кам пешбинӣ мекунад, банду баст намуд.
Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Б.Я. бо моддаи 201 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои сазовор таъин карда шуд.
Суди шаҳри Панҷакент 