Ҷавобгарии маъмурӣ барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори маъмурӣ

Ҷавобгарии маъмурӣ барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори маъмурӣ

 

Ҳуқуқвайронкунанда А.Х. санаи 13.09.2023 сол соати 15:39 дақиқа воситаи нақлиёти тамғаи «Тайота–Камри» рақами қайди давлатиаш Е8181 J 01 -ро дар роҳи автомобилгарди ш.Панҷакент бе рақами қайди давлатӣ идора намудааст, ки дар натиҷа аз ҷониби нозири ХРД ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Панҷакент боздошт гардида нисбати ӯ протокол тартиб дода, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бо қарори суди шаҳри Панҷакент аз 19 апрели соли 2023 ҳуқуқвайронкунанда А.Х. бо моддаи 312 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои ҷарима таъин карда шудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда А.Х.-ро бо моддаи 312 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда, яъне барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда А.Х. дар доираи раводиди моддаи 312 қисми 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.