Иштирок дар фаъолияти ташкилоте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф гардидааст
Иштирок дар фаъолияти ташкилоте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ) эътироф гардидааст
Н.М. аз моҳи августи соли 2022 сомонаи худро дар шабакаҳои интернетии “Вотсап”, “Ютуб”, “Инстаграм” ва “Тик-Ток” ба қайд гирифта, то лаҳзаи дастгир шуданаш ба паҳн намудани аксу наворҳои хусусияти экстремистидоштаи мансуб ба равияи динии “Салафия” машғул шудааст. Н.М. бо мақсади амалӣ намудани мақсадҳои ҷиноятии худ давоми соли 2023 ба шаҳрвандон А., Ҷ., ва Х. тариқи сомонаи иҷтимоии “Вотсап” сабту наворҳои мансуб ба иттиҳодияи экстремистии “Салафия”-ро паҳн намудааст. Зимни азназаргузаронии шабакаҳои иҷтимоии “Вотсап” ва “Ютуб”, ки истифодабарандааш Н.М. мебошад, маводҳои хусусияти ифротидошта ёфта гирифта шудааст.
Аз ин рў суд ҳаракатҳои Н.М.-ро бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои иштирок дар фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва дигар ташкилоте, ки нисбати он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдокарда дар бораи барҳам додан ва манъи фаъолияташ бинобар сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, инчунин мусоидат кардан ба фаъолияти онҳо бо истифода аз шабакаи интернет муқаррар менамояд, банду баст мекунад.
Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд М.С. бо моддаи 307 иловаи 3 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои сазовор таъин карда шуд.
Суди шаҳри Панҷакент 