Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои азонихудкунӣ ва сохтакории хизматӣ

Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои азонихудкунӣ ва сохтакории хизматӣ

Судшаванда А.И. дар асоси иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ аз 14-апрели соли 2010 ҳамчун муассис ва роҳбари ҶДММ “ТЕОДОЛИТ”-и кор карда истода, дар чунин ҳолат ҷиноят содир намудааст. Чунончӣ тибқи протоколи тендерӣ таҳти №491523 аз 27 декабри соли 2022, аз тарафи Муассисаи давлатии “Беморхонаи бемориҳои кӯдакона”-и шаҳри Панҷакент барои иҷрои корҳои лоиҳакашии бинои Беморхонаи бемориҳои кӯдаконаи шаҳри Панҷакент ба суратҳисоби ҶДММ “Мусаввир” ҳамчун пудратчӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ҷамъ 413260 сомонӣ ҷудо ва пардохт карда шудааст. Минбаъд, аз тарафи ҶДММ “Мусаввир” дар шахсияти директори ҷамъият С.Б. ҳамчун фармоишгар ҷиҳати анҷом додани корҳои муҳандисӣ-кофтуковӣ дар ҳудуди бинои нави сохтамешудаи “Беморхонаи бемориҳои кӯдакона” воқеъ дар кӯчаи Терешковаи шаҳри Панҷакент бо ҶДММ “ТЕОДОЛИТ” дар шахсияти директор А.И. шартномаи хаттӣ №78/23 аз 12-январи соли 2023 баста шуда, барои анҷоми он аз тарафи ҶДММ “Мусаввир” моҳи август соли 2023, 19200-сомонӣ маблағи пулии аз ҳисоби буҷети давлат барои анҷоми корҳои муҳандисӣ-кофтуковии лоиҳаи бинои Беморхонаи бемориҳои кӯдакона ҷудогардида, ба ҶДММ “Теодолит” пардохт карда шуда, тибқи шартномаи мазкур ҷамъияти номбурда ҳамчун пудратчӣ ӯҳдадор буд, ки дар мавзеи муайяншуда корҳои муҳандисӣ-кофтуковӣ, азҷумла ташхиси хокро анҷом дода, хулосаи худро ҷиҳати оғози корҳои лоиҳакашӣ ба ҶДММ “Мусаввир” ҳамчун фармоишгар пешниҳод намояд. Аммо, А.И. ҳамчун роҳбари ҶДММ “ТЕОДОЛИТ” бо истифода аз ваколати мансабии худ, ба сохтакории ҳуҷҷатҳо даст зада, аввалҳои моҳи феврали соли 2023, бидуни анҷом додани корҳои муҳандисӣ-кофтуковӣ аз ҷумла, ташхиси хок, дар ҳудуди бинои нави сохтамешудаи “Беморхонаи бемориҳои кӯдакона” ба ҶДММ “Мусаввир” ҷиҳати оғози корҳои лоиҳакашӣ хулосаи мусбии худро пешниҳод карда, бо ин роҳ ба азонихудкунии маблағҳои буҷетӣ даст зада бо ин кирдорҳои қасдонаи худ маблағи 19200 сомониро бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намуда ба давлат зарари моддӣ расонид.

Суд  кирдори судшаванда А.И.-ро бо  моддаи 245 қисми 2 банди “ г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои азонихудкунӣ, яъне тасарруф намудани молу мулки ғайр, ки ба гунаҳгор бовар карда супорида шудааст ва бо истифодаи ваколати мансабдорӣ содир шуда бошад ва бо моддаи 340 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  ҷавобгарии ҷиноятиро барои сохтакории  ҳуҷҷатҳои расмии ҳуқуқдиҳанда ва аз уҳдадорӣ озодкунанда, бо мақсади истифода аз ҷониби худи сохтакор, муқаррар мекунад, банду баст менамояд.

Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд судшаванда А.И., гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои сазовор таъин карда шуд.