Ронандае, ки воситаи нақлиётро бе рақами давлатӣ идора намуд
Ронандае, ки воситаи нақлиётро бе рақами давлатӣ идора намуд
Ҳуқуқвайронкунанда А.Ш. санаи 24.10.2024 сол соати 09:50 дақиқа воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-Бенс» рақами қайди давлатиаш 1997 KQ 01 -ро дар роҳи автомобилгарди ш.Панҷакент бе рақами қайди давлатӣ идора намудааст, ки дар натиҷа аз ҷониби нозири РХРД ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Панҷакенте боздошт гардида нисбати ӯ протокол тартиб дода, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.
Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда А.Ш.-ро бо моддаи 312 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои идора кардани воситаи нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ ва бо рақами ноайён пешбини мекунад, банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда А.Ш. дар доираи раводиди моддаи 312 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.