Маҷлиси тантанивӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи давлатдории миллӣ

Имрӯз 15.11.2024 сол дар бинои Суди шаҳри Панҷакент маҷлиси тантанивӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди навбатии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи давлатдории миллӣ бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд, иҷрочиёни Хадамоти иҷро дар шаҳри Панҷакент, адвокатҳо семинари илмӣ – амалӣ баргузор шуд.

Дар суханрониҳо раиси суди шаҳр Диловар Мирзоҳомидзода, судя Муҳиддинзода Б.Ҳ., ёрдамчии раиси суд Муҳайиниён И. Ҳ. ва котиби маҷлиси суди Давлатзода М.Б. аҳамияти бузурги ин санади сарнавиштсоз, сесияи XVI таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи давлатдории миллӣ, хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти истиқлолу озодӣ, эҳёи давлатдории навин ва сарҷамъии миллат, афзалияти шакли идораи президентӣ, инчунин таърихи қабул ва маънои рангҳои Парчами давлатӣ ва аҳамияти муқаддасоти миллии Тоҷикистон ба таври муфассал матраҳ карда шуд.

Дар маърӯзаҳо аз ҷумла, зикр шуд, ки қабули Конститутсия бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ барои таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ ва дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор додани инсон ва ҳуқуку озодиҳои ӯ, манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, инчунин, бунёди ҷомеаи адолатпарвар асос гузошта, кафолати таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистон гардид. Аз ин ҷост, ки Коститутсияи Тоҷикистон ба қатори панҷгонаи беҳтарин чунин санадҳои ҳуқуқӣ дар ҷаҳон шомил гардидааст.

Маҳз дар ин санади олии ҳуқуқӣ эъмори Тоҷикистон ҳамчун давлати сохибистихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муайян гардида, заминаҳои ҳуқуқии бунёди давлатдории миллӣ таҳким ёфта, дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар роҳи татбиқи амалии он қадамҳои устувор гузошта шуд.