Ҷавобгарии ҷиноятӣ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавонистан
Ҷавобгарии ҷиноятӣ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавонистан
Судшаванда Ҳ.Ш. дар санаи 24.11.2024 сол тахминан соатхои 15:50 дақиқа зимни рондани автомашинаи тамғаи «Тойота Ипсум» аз самти ноҳияи Айнй ба самти шаҳри Панҷакент дар километри 69-уми роҳи мошингарди «Айнӣ- Панҷакент» дар худуди деҳаи Fycapи Ҷамоати деҳоти Л.Шералии шаҳри Панҷакент дар натиҷаи дағалона вайрон намудани талаботи банди 8 сархати 2-и Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки тибқи он иштирокчиёни харакат дар роҳ уҳдадоранд чунин амал намоянд, ки ба ҳаракат хатар ва (ё) монеа эҷод накунанд ва зарар нарасонанд, талаботи банди 130-и ҳамин Қоидаҳо, ки тибқи он ҳангоми интихоби суръати ҳаракат ронанда бояд маҳдудияти ҳаракат ва талаботи воситаҳри техникии ташкили ҳаракат дар роҳ, инчунин шиддатнокии ҳаракат, дидашавандагии роҳ, хусусият ва ҳолати воситаи нақлиёт ва бори интиқолдиҳандаи он, шароити роҳ, боду ҳаво ва дигар омилҳои пасткунандаи шаффофии ҳаворо, ки ба дидашавандагии роҳ, бо самти ҳаракат таъсир мерасонад, ба эътибор гирад, дар ин ҳолат шабона ва ё ҳангоми дидашавандагии нокифояи роҳ, суръати ҳаракат бояд ба ронанда имконият диҳад, ки ў воситаи наклиётро дар ҳудуди дидашавандагии роҳ, бо самти ҳаракат боздошта тавонад, ҳангоми ба вуҷуд омадани монеа ё хатар барои ҳаракат, ки ронанда имконияти дидани онро дорад, ў вазифадор аст фавран чораҳоро барои паст кардани суръат то пурра боздоштани воситаи нақлиёт андешад, талаботи банди 131-и Қоидаҳо, ки тибқи он суръати ҳаракат бояд ба ронанда имконияти назорати доимиро аз болои ҳаракати воситаи нақлиёт барои иҷрои талаботи Қоидаҳо таъмин намояд, талаботи банди 132-и Қоидаҳои зикршуда, ки дар маҳалҳои аҳолинишин ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо суръати на зиёда аз 60 км/соат ва дар минтақаҳои истиқоматию ҳудуди ҳавлиҳо на зиёда аз 20 км/соат иҷозат дода мешавад, аз ўҳдаи идора кардани автомашина набаромада, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, бо қисми пеши тарафи рости автомашинааш ба қисми оқиби ядак ва худи мотоблок, ки тахди идораи Х.Д. қарор дошта пеш-пеши ҳаракати автомашина ба самти шаҳри Панҷакент ҳаракат мекард, бархўрдааст. Дар натиҷа ронандаи мотоблок Х.Д. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, Ш.М., ки дар болои ядаки мотоблок нишаста буд бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар БМШ Панҷакент бистарӣ гардидааст.
Суд кирдори судшаванда Ҳ.Ш.-ро бо моддаи 212 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, яъне аз ҷониби шахси идоракунандаи автомобил вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ё истифодаи воситаи нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари вазнин ба саломати инсон гаштааст пешбинӣ менамояд, банду баст менамояд.
Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Ҳ.Ш. бо моддаи 212 қ.2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои сазовор таъин карда шуд.