ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
Имсол яъне соли 2025-ро Сарвари давлат «Соли байналмилалии Ҳифзи пиряхҳо» эълон карданд, ки он боиси ифтихору сарфарозии мардуми шарафманди Ҷумхурии Тоҷикистон аст. Зеро ин пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи чандин кишварҳои дунё дастгирӣ ёфта, ҳамчунин санаи 21-уми март «Рӯзи байналмилалии пиряхҳо» эълон гардид.
Сарвари давлат пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои бағоят манфӣ оварда расонад. Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст ва ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва некуаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо таҳдид ба бор орад.
Шоёни зикр аст, ки дар ҳамин ҷаласа дар назди ин созмони бонуфузи умумиҷаҳонӣ Фонди боэътимоди махсус барои ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Боиси қайд аст, ки кишвари мо аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардиданаш ба масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, ки барои беҳтар гардидани ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳдоштию экологии мардуми сайёра равона кардааст, эътибори ҷиддӣ дода, дар ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои мушаххас пешниҳод кардааст. Масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, махсусан истифодаи самараноки захираҳои обӣ, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва ҳолати беҳдоштӣ аз чунин ташаббусҳо ба ҳисоб мераванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, чунин ҳолат дар кишвари мо низ вуҷуд дорад. Афзуданд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ-пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тули 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафтааст. Ҷонибдории ташаббусҳои инсондӯстона ва бунёдкоронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба об ва иқлим аз боло рафтани обруву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилал шаҳодат медиҳад.
Шавкатбек Обидиён
Муовини раиси Суди шаҳри Панҷакент
Суди шаҳри Панҷакент 