ОҚИБАТИ ИҶРО НАКАРДАНИ УҲДАДОРИҲО ДАР ТАРБИЯИ КӮДАК
ОҚИБАТИ ИҶРО НАКАРДАНИ УҲДАДОРИҲО ДАР ТАРБИЯИ КӮДАК
Мувофиқи банди 14-и моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» волидон уҳдадоранд аз соати 18:00 то соати 08:00 ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ рафтани кӯдаки худро иҷозат надиҳанд.
Фарзанди ҳуқуқвайронкунанда Р. дар синфи 7 МТМУ-и шаҳри Панҷакент таҳсил намуда, аз бепарвоии падару модар истифода намуда, ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ рафта ба беҳудагардӣ машғул гардидааст..
Аз ин хотир бинобар вайрон кардани талаботҳои Қонуни мазкур нисбати Р. бо қисми 2 моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.
Бинобар ин суд, кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Д.Б.-ро бо сархати 2 қисми 2 моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои аз тарафи падару модар пешгирӣ накардани амалҳои кўдак дар вақти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъшуда ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ рафтан банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.
Бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Р. дар доираи раводиди қисми 2 моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои сазовор таъин карда шуд.
Суди шаҳри Панҷакент 