ҲАДАФҲОИ   СОЗАНДА

ҲАДАФҲОИ   СОЗАНДА

 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар тамоми самтҳои фаъолияти дохилӣ ва хориҷии кишвар роҳнамои ҳадафҳои созанда мебошад.

Муҳимтарин масъалае, ки зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ матраҳ шуд, амнияту бехатарӣ, сулҳу ваҳдати кишвари мост, ки ҳама бояд ба қадраш бирасем.

Чуноне, ки Президенти мамлакат дар оғози Паём зикр намуданд даҳ соли аввали истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон марҳалаи озмоиши бисёр сахту сангини таърихӣ буданд. Аз ин лиҳоз хотирнишон месозам, ки ин рӯзҳои орому осуда ба мардуми мо ба осонӣ муяссар нашудаанд.

Боиси шукргузорист, ки бо талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми мо дар фазои оромиву осоиштагӣ умр ба сар мебаранд.

Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд. Умуман, бояд гуфт, ки расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик дастоварди бузургтарини таърихии мо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки ба он маҳз ба шарофати дастгириву пуштибонии самимонаи мардуми шарифи Тоҷикистон муваффақ гардидем.

Шашуми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони соҳибихтиёр Конститутсия, яъне санади сарнавиштсоз бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Дар асоси Конститутсия парламенти касбии дупалатагӣ, Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, яъне шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ таъсис дода шуданд. Дар заминаи Конститутсия минбаъд Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ ҳамчун рамзҳои давлатдорӣ тасдиқ гардиданд.

Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф шуда, халқ чун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардид.

Тибқи сиёсати башардӯстона бо фармони Президенти мамлакат «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» аз 30 апрели соли 2004, ки дар заминаи он қонуни дахлдор қабул карда шуд, ба ҷазои қатл ва иҷрои он дар кишвар мораторий эълон гардид. Илова бар ин, дар даврони истиқлолият 17 маротиба қонун дар бораи авф қабул гардид. Аз ҷумла 7 сентябри соли 2021 ба муносибати ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ қонуни авф қабул карда шуд, ки тибқи он 11 500 нафар аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва адои ҷазо озод гардид.

Ҳамзамон бо ин, дар замони соҳибистиқлолӣ чор маротиба қонун оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии кишвар бинобар қонунигардонии маблағҳо ва молу мулкашон қабул ва амалӣ гардонида шуд, ки ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ таъсири мусбат расонд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳуҷҷати барномавиест барои ҳамаи сохтору  вазоратҳо, мақомоти давлатӣ ва ҷомеа. Бо амалӣ гардидани он Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад. Мо бояд тамоми саъю талоши худро ба он равона созем, ки бо вуҷуди вазъи ноустувори молиявию иқтисодии дар ҷаҳон идомадошта бо заҳмати аҳлона ва иқдомҳои ободгаронаи мардуми шарифи Тоҷикистон ба ҳадафи стратегии дар наздамон қарордоштаро таъмин кунем.

Ҳоло сатҳи зиндагонии аҳоли мамлакат рӯ ба инкишоф ниҳода, руҳияи созандагию ободонӣ ҳар як шаҳрвандро фаро гирифтааст. Ҳадафҳои давлат ва Ҳукумати кишвар оид ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти камуникатсионӣ баровардани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ бо муваффақият роҳандозӣ шуда истодааст.

Дар Паём махсус таъкид гардид, ки бо мақсади тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати кормандони буҷетӣ зиёд карда мешавад.

Аз ҷумла, аз 1-уми январи соли 2022 музди меҳнати амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз, аз 1-уми июли соли 2022 музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 20 фоиз, аз 1-уми июли соли 2022 андозаи нафақаи амалкунандаи нафақагирони ятими кулл ва нимятимон бинобар маҳрум шудан аз саробон ба андозаи 25 фоиз аз андозаи ҳадди ақалли нафақаи аз рӯи синну сол муқарраргардида зиёд карда мешавад.

Дар Паём қайд карда шуд, ки мақомоти судӣ бояд вазифаҳои хизматиашонро бо масъулияти баланди касбӣ иҷро карда, баррасии саривақтӣ, ҳамаҷониба, пурра ва холисонаи парвандаҳои судиро ба роҳ монда, қарорҳои қонуниву асоснок қабул намоянд ва ба ин васила ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд, манфиатҳои давлат ва ташкилоту муассисаҳоро таъмин созанд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои асосии фаъолияти кории судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Панҷакент буда, баҳри таъмини адолати иҷтимоӣ ва ҳифзу ҳуқуқу озодиҳои инсон равона карда шудааст.

Раиси суди ш.Панҷакент                              Мирзоҳомидзода Д