ҒАЙРИКОНУНӢ  БУРИДАНИ  ДАРАХТ

ҒАЙРИКОНУНӢ  БУРИДАНИ  ДАРАХТ

 

Таҳти раисии судя Махсудӣ Ф. дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи суди ш.Панҷакент парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда К.С. дар содир намудани ҷиноятӣ моддаи 234 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди барраӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Судшаванда К.С. санаи 5 январи соли 2020 бо мақсади ба даст овардани фоидаи моддӣ бар хилофи талаботҳои моддаҳои 14 ва 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифз ва истифодаи олами наботот ва ҳайвонот” амал карда, бидуни гирифтани иҷозат ва ҳуҷҷатҳои дахлдор аз қабили иҷозатномаи Бахши муҳити зисти ш.Панҷакент ва муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ш.Панҷакент аз шафати роҳ заминҳои аҳолинишин бепарвоёна, бо истифодаи арраи бензинӣ ба миқдори чор адад дарахтҳои навъи мевадиҳандаи  “Тут” сину солашон ба ҳисоби миёна 10-15 сола, қутрашон 32 см., 22 см., 25 см. ва 22 см. дар ҳолати сабзиш ва манфиатнок қарор доштаро, ғайриқонунӣ буридааст, ки бо ин кирдораш ба Бахши муҳити зисти ш.Панҷакент ба маблағи 2320 (дуҳазору сесаду бист) сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидааст.

Ба судшаванда мувофиқи ҳамин модда ҷазои сазовор таъин карда шуд.