Ҷарима барои ҷашни зодрӯз
Ҷарима барои ҷашни зодрӯз
Санаи 4 октябри соли 2023 ҳангоми гузаронидани санҷиш бо ҷалби комиссияи доимӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии Ҳокимияти Давлатии шаҳри Панҷакент, муайян гаштааст, ки шаҳрванд Б.Р. талаботи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро дағалона вайрон кардааст, яъне дар вақти корӣ ва соати ғайримуқаррарӣ аз соати 09-00 то соати 10-30 маросими ҷашни зодрӯзашро дар манзилиистиқоматиаш бо иштироки 150 нафар меҳмонон бо омода намудани таом ва оростани зиёфат бо харҷи зиёд гузаронидааст.
Мувофиқи муқаррароти моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷашни зодрӯз ба таври ихтиёрӣ танҳо дар доираи оила гузаронида мешавад.
Ҳуқуқвайронкунанда М.Ҳ. бо ин кирдораш муқаррароти қисми 1 моддаи 481 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намудааст.
Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Б.Р.-ро бо моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим пешбини менамояд банду баст мекунад ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Б.Р. дар доираи раводиди моддаи 481 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин карда шуд.
Суди шаҳри Панҷакент 