Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ

Қасдан расонидани зарари миёна ба саломатӣ

 

Дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи суди ш.Панҷакент парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда М.Ш. дар содир намудани ҷиноятӣ моддаи 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди барраӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Судшаванда М.Ш. санаи 05.11.2023 сол ба манзили истиқоматии ҳамсояаш С.М. рафта бо номбурда муноқиша намуда, бо дастонаш ба сару рӯй ва аъзои бадани номбурда зада, ба саломатии охирон ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст, ки бо ҳукми суди ш.Панҷакент нисбати судшаванда М.Ш. бо моддаи 111 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои сазовор таъин карда шуд.