Ҷавобагии падаре, ки аз таъминоти фарзандонаш саркаши мекунад

Ҷавобагии падаре, ки аз таъминоти фарзандонаш саркаши мекунад

Таҳти раисии судя Мирзозода М.Ҳ. дар маҷлиси ошкорои сайёри судӣ, парвандаи ҷиноятӣ нисбати судшаванда З.Р. дар содир намудани ҷиноятӣ моддаи 177 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд.

Бо ҳалномаи Суди ш.Панҷакент аз 21.02.2023 сол аз ҳисоби судшаванда З.Р. ба манфиати собиқ ҳамсараш барои таъминоти як нафар фарзандаш ҳар моҳ, то ба балоғат расидани кӯдакаш ба андозаи 250 сомонӣ алимент ба тариқи устувор рӯёнида шудааст.

Аммо судшаванда З.Р. санади судиро бадқасдона иҷро накарда, новобаста аз огоҳкунии чандинкаратаи иҷрочиёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Панҷакент, аз супоридани маблағи алимент барои таъминоти фарзандаш бадқасдона ва бидуни саббаҳои узрнок саркаши намудааст.

Раводиди моддаи 177 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро барои бадқасдона, яъне бидуни сабабҳои узрнок саркашӣ намудани падару модар аз иҷрои қарори суд оид ба пардохти маблағ барои таъминоти фарзандони ноболиғ, ҳамчунин фарзандони ғайри қобили меҳнат, ки синнашон ба ҳаждаҳсолагӣ расидааст пешбинӣ менамояд.

Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд З.Р.  бо моддаи  177 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ таъин карда шуд.