Ҷавобгари барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ва нигоҳ доштани воситаҳои нашъадор

Ҷавобгари барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ва

нигоҳ доштани воситаҳои нашъадор

Судшаванда А.Б. аввалҳои моҳи январи соли 2019 тахминан соатҳои 18-20 дақиқа ҳангоми чаронидани чорвои калони шохдораш дар мавзеи замини соҳили  дарёи «Зарафшон»-и ҳудуди Ҷамоати деҳоти Л.Шералии деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент дар як бастаи селофании рангаш сиёҳ як миқдор воситаи нашъадори навъи «афюн»-ро дарёфт карда, дидаю дониста ба он ғайриқонунӣ соҳиб шуда, онро ба хонааш бурда дар дохили қуттии чӯбини дар паси дарвозахонааш мавҷуд буда пинҳон кардааст. Баъдан, А.Б.Н. воситаи нашъадори навъи «афюн»-и ғайриқонунӣ соҳибгаштаашро то охирҳои моҳи январи соли 2019 дар манзили зисташ ғайриқонунӣ нигоҳ дошта, бо мақсади фурӯхта ба даст овардани даромади муфт аз паи ҷустуҷӯи харидори он мегардад.

Ин нияти ғаразноки А.Б.Н. ба кормандони ШКҶ ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент маълум гашта, бо мақсади фош сохтани кирдорҳои ғайриқонунии номбурда аз тарафи кормандони милитсия нақшаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таҳия гардида, ба амалиёт шаҳрванд харидори шарти бо номи рамзии «Т» ворид карда шудааст. Сипас, зимни амалӣ намудани ахбороти оперативии ба даст овардашуда ва гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ дар ҳудуди шаҳри Панҷакент, санаи 28.01.2019 сол тахминан соати 15-00 дақиқа А.Б.Н. дар наздикиҳои истгоҳи нақлиётии самти ҷамоати деҳоти Л.Шералии деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо харидори шартӣ бо номи рамзии «Т» вохӯрда, дар дохили як адад қуттии гӯгирди бо селофани рангаш зардчатоб печонидашуда, як миқдор воситаи нашъадори навъи «афюн»-ро, ки ӯ ин воситаи нашъадорро санаи 27.01.2019 сол тахминан соатҳои 16-20 дақиқа дар ҳудуди заминҳои саҳрои ба номи «Раҳмонқулов Абдулло»-и деҳаи Навободи ҷ/д Л.Шералии шаҳри Панҷакент бо шиносаш Ш. Х., вохӯрда ғайриқонунӣ ба маблағи 200-сомонӣ харидорӣ карда, бо воситаи автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Астра» рақами қайди давлатиаш ТҶ 65-63 ДО 02 ғайриқонунӣ то ба манзили зисташ интиқол дода буд, бар ивази 100 (сад) сомонӣ ғайриқонунӣ ба соҳибияти харидори шартӣ «Т» медиҳад ва он минбаъд аз тарафи кормандони ШКҶ ШВКД ҶТ дар шаҳри Панҷакент бо тартиби муқаррарӣ гирифта шудааст.

Ба ғайр аз ин бо идома додани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Панҷакент, санаи 06.02.2019 сол тахминан соатҳои 10-00 дақиқа, А.Б.Н. дар дохили дарвозахонааш воқеъ дар суроғаи шаҳри Панҷакент ҷамоати деҳоти Л.Шералӣ деҳаи Ғӯсар ҳавлии берақам бо харидори шартӣ бо номи рамзии «Т» вохӯрда дар ду адад бастачаҳои селофании рангашон зардчатоб як миқдор воситаи нашъадори навъи «афюн»-и дар худ ғайриқонунӣ нигоҳ доштаашро ба маблағи 400 (чор сад) сомонӣ медиҳад ва он минбаъд аз тарафи кормандони ШКҶ ШВКД ҶТ дар шаҳри Панҷакент бо тартиби муқаррарӣ гирифта шудааст.

Ба ғайр аз ин, бо идома додани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Панҷакент санаи 12.02.2019 сол тахминан соати 16-00 дақиқа, А.Б.Н. дар дохили собиқ мошинсаройи совхози «Марғедар», ки дар суроғаи шаҳри Панҷакент, ҷ/д Л.Шералӣ деҳаи Ғӯсар бо харидори шартӣ бо номи рамзии «Т» вохӯрда, дар ду адад бастачаҳои селофании рангашон зардчатоб як миқдор воситаи нашъадори навъи «афюн»-и дар худ доштаашро бар ивази маблағи пулии 400-сомонии қаблан гирифтааш додааст, ки он минбаъд аз тарафи кормандони ШКҶ ШВКД ҶТ дар ш.Панҷакент бо тартиби муқаррарӣ гирифта шудааст.

Инчунин, бо идома додани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди шаҳри Панҷакент, санаи 11.03.2019 сол тахминан соатҳои 18-30 дақиқа А.Б.Н. дар назди дарвозахонааш воқеъ дар суроғаи шаҳри Панҷакент ҷамоати деҳоти Л.Шералӣ деҳаи Ғӯсар ҳавлии берақам бо харидори шартӣ бо номи рамзии «Т» вохӯрда, як адад зарфи плассмасӣ, ки дар дохили он маҳсулоти «асал» мавҷуд буд, боз дар як бастачаи селофании рангаш сиёҳ воситаи нашъадори навъи «афюн»-ро, ки ӯ ин воситаи нашъадорро низ дар худ ғайриқонунӣ нигоҳ медошт ва бар ивази маблағи пулӣ 300 (се сад) сомонии қаблан дар санаи 27.02.2019 сол ҳамчун пешпардохт гирифтааш додааст, ки он минбаъд аз тарафи кормандони ШКҶ ШВКД ҶТ дар шаҳри Панҷакент бо тартиби муқаррарӣ гирифта шуда худи ҳамон лаҳза А.Б.Н. низ аз тарафи кормандони милитсия дастгир карда шуда, зимни кофтукови шахсӣ аз номбурда ду адад купюраҳои 10 (даҳ) сомона, ки ба амалиёт аз ҷониби кормандони милитсия истифода бурда шудааст, ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шудааст.

Дар маҷмӯъ вазни хоси маводи нашъадори навъӣ «афюн»-и гирифта шуда, 13,5 граммро ташкил медиҳад.

Мувофиқи хулосаи судӣ-кимёвӣ таҳти №11 аз санаи 11.04.2019 сол маводҳои хамирмонанди рангаш ҷигарии бо бӯйи махсусдошта, ки аз харидори шартӣ бо номи рамзии «Т» гирифта шудааст, ба омехтаи воситаи нашъадори навъи «афюн» мансуб буда, вазни хоси он дар умум 13,5 граммро ташкил дода, аз ҷиҳати таркиб, намуд ва хосияти кимиёвиашон ҳаммонанд мебошанд.

Суд  кирдори судшаванда А.Б.Н-ро бо моддаи 200 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ва ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор ба микдори кам пешбинӣ мекунад, банду баст менамояд.

Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд А.Б.Н  бо моддаи  200 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шуд.