Ҷавобгари барои бе иҷозатнома амалӣ намудани фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд.

Ҷавобгари барои бе иҷозатнома амалӣ намудани

фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд.

Б.М  санаи 31 майи соли 2019 соати 13:40  дақиқа дар роҳи  Айни Панқакент дар саристгоҳи терминали Мусофирбари “Одил –Ҳ”  воситаи нақлиёти тамғаи Уаз-469, рақами  қайди  давлатиаш  3038АМ-ро идора намуда бе иҷозатномаи махсус ба фаъолияти мусофиркашонии  кирояви машғул шудааст. Бо ин кирдори худ талаботи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият»-ро вайрон намудааст. Бо таъиноти сардори РХДНТСН-и минтақаи Зарафшон аз 03 июни соли  2019  нисбаташ бо моддаи 510 қисми 2 КХМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд, кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Б.М.-ро бо моддаи 510 қ.2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои бе иҷозатнома амалӣ намудани фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд, пешбинӣ менамояд банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.

Бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Б.М. дар доираи раводиди моддаи 510 қ.2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима таъин карда шуд.