Ҷавобгари барои пешниҳод накардани эъломия

Ҷавобгари барои пешниҳод накардани эъломия

Санаи 21 апрели соли 2019 тахминан соати 19:50 дақиқа ба минтақаи назорати гумрукии дидбонгоҳи гумрукии “Саразм”-и гумруки Панҷакент аз самти Ҷумҳурии Узбекистон воситаи нақлиёти тамғаи “Опел – Вектра” рақами қайди давлатиаш 3537 НА 02 ворид шудааст. Ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳои воситаи нақлиёт муайян карда шудааст, ки воситаи нақлиёти зикршуда ба Б.К. мансубият доштааст.

Дар вақти азназаргузаронии ҳуҷҷатҳо ва бордони воситаи нақлиёти мазкур ба миқдори 90 (навад) адад пивои 1,5 литра ва 48 (чилуҳашт) адад пивои 0,5 литра навъи “Пулсар” (pulsar) истеҳсоли Ҷумҳурии Узбекистон, ки дар маҷмӯъ 159 литр мебошад муайян карда шудааст. Моли мазкур ба Б.К. таалуқ дошта, мехостааст молашро бо мақсади фурӯш ба шаҳри Панҷакент ворид намояд.

Ҳангоми аз Б.К. талаб намудани ҳуҷҷатҳои ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи қонунӣ ворид гардидани моли мазкур, ӯ бо мақсади гумроҳ сохтани кормандони мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, барасмиятдарории гумрукии моли истеҳсоли давлати хориҷӣ, ки мансуб ба гуруҳи молҳои зераксизӣ мебошад, эъломияи гумрукӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурии молро пешниҳод накарда кӯшиш намудааст, ки молашро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ бар хилофи талаботҳои боби 14 Кодекси гумрук ба ҳудуди гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд.

Барои чунин кирдораш нисбати Б.К. аз рӯи ҷавобгарии маъмурӣ бо моддаи 578 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Б.К.-ро бо моддаи 578 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои пешниҳод накардани эъломия (декларатсия) ё нодуруст пешниҳод кардани эъломияи мол ва ё воситаи нақлиёт, ки бояд дар шакли муқарраршуда (хаттӣ, даҳонӣ ё электронӣ) мавриди эъломиякунонӣ қарор гирад банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.

Бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Б.К. дар доираи раводиди моддаи 578 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.