Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ва ҳамчун ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор

Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ва ҳамчун ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор

Дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи суди ш.Панҷакент парвандаи ҷиноятиро нисбати Б.М. бо моддаҳои 200 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд, ки судшаванда Б.М. қаблан бо таъиноти маҷлиси судии суди шаҳри Панҷакент аз санаи 23.07. соли 2021 пешбурди парвандаи ҷиноятӣ нисбаташ бо моддаи  204 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси банди 3 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи авф аз 07-сентябри соли 2021 таҳти №1803, қатъ карда шуда бошад ҳам, аз ин ба худ хулосаи лозима набароварда,   санаи 31.12.2021 сол аз ҷой ва шахсони ба тафтишот номаълум ба 117-грамм воситаи нашъадори навъи “бангдонаи хушконда” ғайриқонунӣ соҳиб шуда, онро то ҳудуди заминҳои деҳаи Куктоши ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳасани шаҳри Панҷакент ғайриқонунӣ интиқол дода, худи ҳамон рўз тахминан соати 21-00 ғайриқонунӣ ба соҳибияти харидори шартӣ “Умар” ба маблағи 3000-сомонӣ фурўхтааст.

Суд кирдори судшаванда Ҳ.С.-ро бо моддаи 200 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан,  интиқол бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ва ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор ба микдори кам пешбинӣ мекунад, банду баст менамояд.

Ба судшавандаҳо мувофиқи ҳамин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шуд.