Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ва ҳамчун ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор

Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан ва ҳамчун ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигар додани воситаҳои нашъадор

Дар маҷлиси ошкорои судӣ, дар толори маҷлисгоҳи суди ш.Панҷакент парвандаи ҷиноятиро нисбати Ҳ.С. бо моддаҳои 200 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дода шуд, ки  судшаванда Ҳ.С. аввалҳои моҳи феврали соли 2020 дар назди худ мақсад гузоштааст, ки бо роҳи фурӯши ғайриқонунии воситаи нашъадор маблағи пули муфт ба дасторад. Ин нияти ғаразноки Ҳ.С. ба кормандони ваколатдори оперативии ШВКД ҶТ дар шаҳри Панҷакент аён гашта, бо мақсади фош сохтани кирдорҳои ғайриқонунии номбурда аз тарафи кормандони шӯъба, нақшаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ таҳия гардида, ба амалиёт шаҳрванд харидори шартӣ бо номи рамзии «З» ворид карда шудааст.

Санаи 19.02.2020 сол, тахминан соати 14-00 дақиқа, судшаванда Ҳ.С. дар ҳудуди бозори марказии шаҳри Панҷакент, бо судшаванда У.С. вохўрда хоҳиш намудааст, ки бар ивази маблағи пули муайян як миқдор воситаи нашъадори навъи афюн дарёфт намуда диҳад ва онҳо бо ин шарт  мувофиқа намудаанд. Бо ҳамин худи ҳамон рӯз тахминан соати 15-30 дақиқа Ҳ.С. дар назди нуқтаи фурӯши сӯзишвории деҳаи Чинор ҷамоати деҳоти Чинори шаҳри Панҷакент бо У.С. вохӯрда, бар ивази маблағи пулӣ ба миқдори 200-сомонӣ, ки қаблан аз харидори шартӣ «З» ҳамчун пешпардохт барои дарёфт намудани воситаи нашъадор гирифта буд, 3 (се) грамм воситаи нашъадори навъи афюнро дар дохили як бастаи селофанӣ  харидорӣ намудааст. Сипас, Ҳ.С. 3 (се) грамм воситаи нашъадори навъи афюни ғайриқонунӣ соҳибгаштаашро худи ҳамон рӯз соати 16-00 дақиқа, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Саразм бо харидори шартӣ «З» вохӯрда, ба номбурда додааст. Баъдан харидори шартӣ «З» аз рӯи уҳдадориҳои ба зиммааш вогузошташуда амал намуда, воситаи нашъадорро ба кормандони милитсия бо тартиби муқаррарӣ супоридааст.

Ба ғайр аз ин, Ҳ.С., кирдорҳои ҷинояткоронаашро давом дода, санаи 24.02.2020 сол, тахминан соати 08-30 дақиқа, боз бо Усмонов С.А. дар назди нуқтаи фурӯши сӯзишвории деҳаи Чинор ҷамоати деҳоти Чинори шаҳри Панҷакент вохӯрда, бар ивази маблағи пулӣ ба миқдори 350-сомонии қаблан аз харидори шартии «З» ҳамчун пешпардохт барои дарёфт намуда додани воситаи нашъадор гирифтааш, 8,6 (ҳашту аз даҳ шаш) грамм воситаи нашъадори навъи афюнро дар дохили бастаи селофанӣ харидорӣ намудааст. Сипас, Ҳ.С. 8,6 (ҳашту аз даҳ шаш) грамм воситаи нашъадори навъи афюни ғайриқонунӣ соҳибгаштаашро ба ду қисм тақсим намуда, худи ҳамон рӯз соати 09-10 дақиқа, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Саразм бо харидори шартӣ «З» вохӯрда, 6 (шаш) грамми онро медиҳад. Баъдан харидори шартӣ «З» аз рӯи уҳдадориҳои ба зиммааш вогузошташуда амал намуда, воситаи нашъадорро ба кормандони милитсия бо тартиби муқаррари месупорад.

Ҳамин тавр, Ҳ.С, кирдорҳои ҷинояткоронаашро давом дода, санаи 25.03.2020 сол, тахминан соати 11-45 дақиқа, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Саразами шаҳри Панҷакент бо харидори шартӣ «З» вохӯрда, бар ивазӣ маблағи пулӣ ба миқдори 150-сомонӣ аз қисми боқимондаи ҳисоби воситаи нашъадори санаи 24.02.2020 сол аз У.С. харидорӣ намудааш, ки бо худ гирифта монда буд, ба миқдори 2,6 (дуву аз даҳ шаш) граммро ба номбурда додааст. Баъдан харидори шартӣ «З» аз рӯи уҳдадориҳои ба зиммааш вогузошта шуда амал намуда, воситаи нашъадорро ба кормандони милитсия бо тартиби муқаррарӣ супоридааст.

Санаи 04.04.2020 сол дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷуӣ аз ҷониби кормандони  ШВКД ҶТ дар шаҳри Панҷакент дар худуди шаҳри Панҷакент судшавандаҳо Ҳ.С. ва У.С. боздошт карда шудаанд. Дар маҷмӯъ вазни хоси маводи нашъадори навъи «афюн»-и гирифта шуда, 11,6 граммро ташкил додааст.

Мувофиқи хулосаи судӣ-кимёвии ГТК ШВКД-и ҶТ дар шаҳри Панҷакент, таҳти №20 аз санаи 13.04.2020 сол маводҳои хамирмонанди рангаш ҷигарии бо бӯйи махсусдошта, ки аз харидори шартӣ бо номи рамзии «З» гирифта шудааст, ба омехтаи воситаи нашъадори навъи «афюн» мансуб буда вазни хоси он дар умум 11,6 граммро ташкил дода, аз ҷиҳати таркиб, намуд ва хосияти кимиёвиашон ҳаммонанд мебошад.

Суд  кирдори судшаванда Ҳ.С.-ро бо моддаи 200 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои ғайриқонунӣ соҳиб шудан, нигоҳ доштан,  интиқол бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ва ҳамчунин ғайриқонунӣ ба соҳибияти каси дигфар додани воситаҳои нашъадор ба микдори кам пешбинӣ мекунад, банду баст менамояд.

Ба судшавандаҳо мувофиқи ҳамин модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шуд.