Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои  вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ

Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои  вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ

Судшаванда Т.Н. тахминан соатҳои 01:00 — 01:30 дақиқаи санаи 25-уми октябри соли 2022, воситаи нақлиёти шахсии худ тамғаи «ОПЕЛҲ- АСТРА 1.6», навъи сабукрав, соли бароришаш 2002, рақами қайди давлатиаш 5275 RЕ 02-ро идора намуда, аз назди гузаргоҳи сарҳадии мавзеъи “Ҷартеппа”-и Тоҷикистону Ӯзбекистон, воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент ба самти маркази шаҳри Панҷакент равона шудааст. Ӯ воситаи нақлиётро бо суръати аз 40 км дар як соат то суръати 120 км дар як соат идора намуда, тахминан соати 02:00 дақиқаи ҳамон рӯз ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошинагарди Саразм-Панҷакент, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Чимҷалъа, Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент, ба талаботи сархати 2-и банди 8-и Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, яъне “иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ уҳдадоранд: -чунин амал намоянд, ки ба ҳаракат хатар ва ё монеа эҷод накунанд ва зарар нарасонанд, амал накарда, талаботҳои банди 130-и Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, яъне “ҳангоми интихоби суръати ҳаракат ронанда бояд маҳдудияти ҳаракатро, ки дар бандҳои 132 ва 133 ҳамин Қоидаҳо муқаррар шудааст ва талаботи воситаҳои техникии ташкили ҳаракат дар роҳ, инчунин шиддатнокии ҳаракат, дидашавандагии роҳ, хусусият ва ҳолати воситаи нақлиёт ва бори интиқолдиҳандаи он, шароити роҳ, боду ҳаво ва дигар омилҳои пасткунандаи шаффофии ҳаворо, ки ба дидашавандагии роҳ бо самти ҳаракат таъсир мерасонад ба эътибор гирад”. Дар ин ҳолат: -шабона ва (ё) ҳангоми дидашавандагии нокифояи роҳ суръати ҳаракат бояд ба ронанда имконият диҳад, ки ӯ воситаи нақлиётро дар ҳудуди дидашавандагии роҳ бо самти ҳаракат боздошта тавонад; -ҳангоми ба вуҷуд омади монеа ё хатар барои ҳаракат, ки ронанда имконияти дидани онро дорад, ӯ вазифадор аст фавран чораҳоро барои паст кардани суръат то пурра боздоштани воситаи нақлиёт андешад ва банди 131-и Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, яъне “суръати ҳаракат бояд ба ронанда имконияти назорати доимиро аз болои ҳаракати воситаи нақлиёт барои иҷрои талаботи Қоидаҳо таъмин намояд” дағалона  риоя накарда, аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёти набаромада, аз роҳи мошинагард ба тарафи чап баромада, аз канори чапи роҳ гузашта, бо тарафи чап ба дарахти тути дар қитъаи замини гирди роҳ мавҷуд буда бархӯрда, ба садамаи роҳу нақлиётӣ дучор гардидааст, ки воситаи нақлиёти тоб хурда чаппа шуда, боз рост гаштааст. Дар натиҷа мусофири дохили салони воситаи нақлиётии мазкур А.М. ҷароҳати вазнини ҷисмони бардошта ба шуъбаи эҳёи беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент бистарӣ шудааст.

Суд кирдори судшаванда Т.Н.-ро бо моддаи  212 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, яъне аз ҷониби шахси идоракунандаи автомобил вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ  ё истифодаи воситаи нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси расонидани зарари вазнин ба саломати инсон  гаштааст пешбинӣ менамояд, банду баст менамояд.

Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Т.Н. бо моддаи 212 қ.2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои сазовор таъин карда шуд.