Ҷавобгарии ҷинояти барои  қаллобӣ

Ҷавобгарии ҷинояти барои  қаллобӣ

Судшаванда Ҷ.М. қаблан санаи 04.02.2020 сол бо ҳукми суди шаҳри Панҷакент дар содир намудани ҷинояти пешбиникардаи моддаҳои 247 қ.3 банди «а» ва 338 иловаи 1 қ.2 банди «а» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима  таъин карда шудааст.

Ҷ.М. дар асоси суратҷаласаи №1 маҷлиси умумии хоҷагии деҳқонии «Ш» аз 17 феврали соли 2011 дар вазифаи раиси хоҷагии деҳқонии «Ш» кор ва фаъолият карда дидаву дониста, ки ҷудо ё вобаста кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба салоҳияти ӯ мансуб намебошад, бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ давоми моҳҳои январ-феврали соли 2018 ба боварии шаҳрванд Б., сокини шаҳри Панҷакент, ҷамоати деҳоти Х.Ҳасан, деҳаи Шӯрча, даромада, ба охирон ваъда додааст, ки ба ивази маблағи 10000 сомонӣ метавонад аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Ш» тарҳи 1541 (харитаи заминистифодабарии собиқ ШК «Ҳамро Хуҷамуродов») дар майдои 0,06 га ғайриқонуни қитъаи замини наздиҳавлигӣ  барояш ҷудо карда, ба номаш ҳуҷҷатгузори намояд. Бо хамин мақсад, Ҷ.М. тахминан моҳи феврали соли 2018 дар ҳудуди деҳаи Шӯрча, ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳасан аз шаҳрванд Б. маблағи 10000 сомонӣ гирифта, минбаъд маблағи мазкурро барои эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст. Шахрванд Б. бошад, амалҳои Ҷ.М.-ро қонуни хисобида, дар қитъаи замини барояш ғайриқонунӣ ҷудогардида таҳкурсии бинои истиқоматиро бунёд намудааст, ки дар натиҷа ба манфиати Б. ягон амали муайянро иҷро накардааст, ки ба охирон зарари калони моддӣ расонидааст.

Суд  кирдори судшаванда Ҷ.М.-ро бо моддаҳои 247 қисми 3 банди «а» ва 338 илова 1 қисми 2 банди «а»  КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои қаллоби,  яъне тасарруфи   молу мулки  ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сӯистифодаи бовари, такроран, аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, аз ҷониби шахс бо истифодаи  мақоми хизматӣ ва бо расонидани зарар ба  миқдори калон ва бо моддаи 338 иловаи 1 қисми 2 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғайриқонуни ҷудо кардани қитъаи замин,  банду баст менамояд.

Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд Ҷ.М. бо моддаҳои 247 қисми 3 банди «а» ва 338 илова 1 қисми 2 банди «а»   КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар соҳаи кишоварзи таъин карда шуд.