Ҷавобгарии ҷинояти барои  авбошӣ

Ҷавобгарии ҷинояти барои  авбошӣ

Судшавандагон К.Д. ва Э.С. санаи 19.01.2020 сол тахминан соати 19-30 дақиқа, дар ҳолати мастӣ дар чойхонаи “А” ш.Панҷакент, ки ҷойи ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад ҳамчун пешхизмат фаъолият карда истода, бо мизоҷони дар дохили ҷойхонаи мазкур шаҳрвандон Б.У., С.С ва дигарон ҳузур дошта байни ҳамдигар бо овози баланд суҳбат менамуданд, ки пешхизмати чойхона К.Д. ва Э.С. ба назди ҳуҷари онҳо менишаста омада номбурдагонро огоҳ намудаанд, ки каме пасттар байни ҳамдигар суҳбат намоянд баъди аз тарафи К.Д. ва Э.С. чандин маротиба огоҳ намудани мизоҷон дар байни онҳо баҳс ба миён омадааст. К.Д. аз ҳисёти авбоши Б.У-ро дашномҳои қабеҳ зада аз дохили ҳуҷраи нишаст бо истифодаи зуроварӣ кашола намуда ба саҳни бинои ҷойхона бароварда, бо ҳамроҳии Э,С. бо воситаи дасту пойҳояш ба аъзои бадани Б.У. якчанд маротиба зада мавриди лату куб қарор дода, ҷароҳати ҷисмони расонида, бо овози баланд дашному ҳақоратҳои қабеҳ дода, нисбат ба ҷамъият беэҳтироми зоҳир карда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст.

Суд кирдори судшавандагон К.Д. ва Э.С.-ро бо моддаи 237 қисми 2 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои авбошӣ, яъне яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо зўроварӣ ба шаҳрвандон ё таҳдиди истифодаи зўроварӣ, бо аломати аз ҷониби гуруҳи шахсон, муқаррар мекунад, банду баст менамояд.

Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд К.Д. ва Э.С. бо моддаи 237 қисми 2 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба онҳо ҷазо дар намуди ҷарима таъин карда шуд.