Ҷавобгарии ҷинояти барои  авбошӣ

Ҷавобгарии ҷинояти барои  авбошӣ

Судшаванда З.Ш. санаи 06.07.2020 сол тахминан соати 04-00 дақиқа, саҳари барои обёри намудани заминҳои кишоварзӣ рафта, тахминан то соати 07-30 дақиқа заминро обёри намуда дидааст, ки оби полези хушк шудааст. Барои бозгашт овардани оби полези ба сарбанд рафта, оби полезиро ба самти замини худ равон кардааст ва дар ҳамин вақт А.Н. ба обёри намудани заминҳои худ машғул буда, оби полезии овардаи судшаванда З.Ш.-ро як ҳисса ба заминҳояш гардонидааст, аз ин кирдор З.Ш. норозиги карда барои тақсимоти оби полезӣ баҳсу муноқиша сарзада дар ҳамин вақт З.Ш. бе ягон асос аз ҳисёти авбоши нисбати А.Н. дашномҳои қабеҳ дода, нисбат ба ҷамъият беэҳтироми зоҳир карда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намудааст.

Суд кирдори судшаванда З.Ш.-ро бо моддаи 237 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои авбошӣ, яъне яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо зўроварӣ ба шаҳрвандон ё таҳдиди истифодаи зўроварӣ, бо аломати аз ҷониби гуруҳи шахсон, муқаррар мекунад, банду баст менамояд.

Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд З.Ш. бо моддаи 237 қ.1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои сазовор таъин карда шуд.