Ҷавобгарии ҷинояти барои  авбошӣ

Ҷавобгарии ҷинояти барои  авбошӣ

Судшаванда О.М. санаи 29.12.2019 сол тахминан соати 16-00 дақиқа, дар ҳолати мастӣ дар хиёбони Рӯдакии ш.Панҷакент, ки назди бозори марказӣ мебошад ва ҷойи ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад қарор дошта, аз ҳисёти баланди авбошӣ, бе ягон асосҳои кофӣ нисбати шаҳрванд А.Н., ки дар асоси иҷозатнома бо автомашинааш тамғаи “Опел – Астра” рақами қайди давлатиаш 9521 ЕН 02 ба мусофиркашони машғул мебошад дашномҳои қабеҳро раво дида, дар ҳузури ҷамъият нисбати А.Н. таҳдиди зӯри карда, бо дастонаш бо мақсади задан ҳамла карда, бо мақсади несту нобуд кардани молу мулки А.Н. бо пойҳояш дари автомашинаи охиронро зада, оинаи оқибнамои автомашинаи мазкурро шикаста, дар назди мардум беэҳтироми зоҳир карда, тартиботи ҷамъиятиро дар давоми зиёда аз 10 дақиқа дағалона вайрон намудааст.

Суд кирдори судшаванда О.М.-ро бо моддаи 237 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои авбошӣ, яъне яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо зўроварӣ ба шаҳрвандон ё таҳдиди истифодаи зўроварӣ, ҳамчунин несту нобуд ё вайрон кардани молу мулки ғайр алоқаманд мебошад, банду баст менамояд.

Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд О.М. бо моддаҳои 237 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шуд.