Ҷавобгарии ҷиноятиро барои қаллобӣ ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин

Ҷавобгарии ҷиноятиро барои қаллобӣ ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин

Судшаванда А.Ф. бо қарори раиси шаҳри Панҷакент аз 13 марти соли 2020 таҳти №141, ба вазифаи котиби комиссияи ҷамъиятӣ оид ба тақсимоти замини наздиҳавлигии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент таъин ва то инҷониб дар ин вазифа ҳамчун шахси мансабдор кору фаъолият карда, бинобар сабаби аз нақшаи генералии ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба шаҳрвандон, аз ҷумла заминҳои холӣ бархурдор буданаш, бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт бо шаҳрвандон О.С. ва А.М. маслиҳат намудааст, ки аз ҳисоби заминҳои холии маҳаллӣ аҳолинишинӣ мавзеъи “Хамиртеппа”, воқеъ дар шаҳри Панҷакент, Ҷамоати деҳоти Х.Ҳасан, деҳаи Хамиртеппа, ки дар тарҳи №1612 харитаи заминистифодабарии собиқ ШК ба номи “Ҳ.Хӯҷамуродов” ҷойгир буда, то ҳол дар он ягон сохтмон мавҷуд намебошад, бар ивази маблағҳои пулӣ ба шаҳрвандони алоҳида ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ҷудо ва вобаста намоянд.

Минбаъд, А.Ф., ки вобаста ба мансаби ишғолкардааш аз заминҳои холии маҳалли аҳолинишини мавзеъи зикршуда хабардор буд, тибқи маслиҳати пешакиаш бо О.С. ва А.М. моҳи октябри соли 2021, аз ҳисоби заминҳои ҷойи ҷамъиятӣ, ки дар тарҳи №1612 ҷойгир аст, бо мақсади минбаъд бар ивази маблағи пулӣ ба дигар шахс ғайриқонунӣ ҷудо намудан, ба ҳаммаслакаш А.М. нишон додааст, А.М. дар навбати худ худи моҳи октябри соли 2021 бидуни қарори дахлдори раиси шаҳр ба сокини шаҳри Панҷакент, Ҷамоати деҳоти Х.Ҳасан, деҳаи Деваштич Дӯстов Ҳусейн Амонқулович барои сохтмони манзили истиқоматӣ аз ҳисоби заминҳои маҳалли аҳолинишини мавзеъи “Хамиртеппа”, ки дар тарҳи №1612 харитаи заминистифодабарии собиқ ШК ба номи “Ҳ.Хӯҷамуродов” ҷойгир аст, майдони 600 метри мураббаъ қитъаи заминӣ ҷамъиятиро ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ғайриқонунӣ ҷудо карда дода, аз номбурда бар ивазаш дар ду ҳолат дар маҷмӯъ, 40000 сомонӣ гирифтааст.

Минбаъд, А.Ф. бо мақсади қонунӣ вонамуд кардани амалҳои ғайриқонунии худ, ба шаҳрванд Дӯстов Ҳ. ба он қитъаи замини ғайриқонунӣ ҷудокардааш нусхаи Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ба номи Умарова Барно, ки ба он қитъаи замин ягон алоқамандӣ надорад, додааст ва Дӯстов Ҳ.А. ба А.Ф., А.М. ва О.С. бовар карда, давоми соли 2021 дар он қитъаи замини аз тарафи номбурдагон ба ў ғайриқонунӣ ҷудошуда манзили истиқоматӣ бунёд намудааст, ки дар натиҷа ба манфиати давлат зарари ҷиддӣ расидааст.

А.Ф. кирдорҳои ҷиноятиашро идома дода, такроран, бо мақсади ба даст даровардани даромади муфти пулӣ, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо А.М. дидаву донисту, ки ваколати ҷудо карда додани қитъаи заминро надорад, бар хилофи талаботи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон амал намуда, бидуни қарори дахлдори раиси шаҳр моҳи ноябри соли 2021 ба шаҳрванд Муқбилов Маҳмуд Абдуллоевич, сокини шаҳри Панҷакент, Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, деҳаи Куктош, ки номбурда қаблан оиди эҳтиёҷманди қитъаи замини наздиҳавлигӣ буданаш муроҷиат карда буд, аз ҳисоби заминҳои фонди наздиҳавлигии Ҷамоати деҳоти Х.Ҳасан, мавзеъи “Хамиртеппа”, ки дар тарҳи №1619 харитаи заминистифодабрии собиқ ширкати кишоварзии ба номи “Ҳ.Хуҷамуродов” ҷойгир буда, барои бунёди иншоотҳои хизматрасонӣ пешбинӣ гардидааст, масоҳати 400 метри мураббаъ қитъаи заминро ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ғайриқонунӣ ҷудо карда дода, бар ивази он аз номбурда дар маҷӯъ, маблағи 21 000 сомонӣ гирифтаанд.

Муқбилов М.М. бошад, ба А.Ф. ва А.М.. бовар карда, моҳи ноябри соли 2021 дар он қитъаи замин бо мақсади бунёд намудани манзили истиқоматӣ онро ҳамвор намудааст, ки дар натиҷа ба манфиати давлат зарари ҷиддӣ расидааст.

А.Ф. кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, такроран бо мақсади ба даст овардани фоида, дидаву дониста, ки ваколати ҷудо намудани қитъаи заминро надорад, моҳи июли соли 2022 бидуни қарори дахлдори раиси шаҳр ба шаҳрванд Давлатов Авазбек Каримович, сокини шаҳри Панҷакент, маҳаллаи Б.Холмуродов, хонаи берақамаз заминҳои маҳалли аҳолинишини мавзеъи “Хамиртепа”, ки дар тарҳи №1609 харитаи заминистифодабарии собиқ ШК ба номи “Ҳ.Хӯҷамуродов” ҷойгир аст, майдони 600 метри мураббаъ қитъаи заминро бар ивази 8000 сомонӣ ғайриқонунӣ ҷудо намуда, аз Давлатов А. ба воситаи Давронов Тоҳир Бӯрибоевич дар маҷмӯъ, 5000 сомонӣ гирифтааст, ки Давлатов А.К. ба ӯ ҳамчун корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бовар карда, дар он қитъаи замин бо мақсади бунёд намудани манзили истиқоматӣ санг рехтааст, ки дар натиҷа ба манфиати давлат зарари ҷиддӣ расидааст.

А.Ф. аз кирдорҳои ҷинояткоронаи худ қонеъ нагардида, онро идома дода, дидаву дониста, ки ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба ваколати ў дохил намешавад, бо мақсади ба даст овардани даромади муфти пулӣ, ҳамчун котиби комиссияи ҷамъиятӣ оид ба тақсимоти замини наздиҳавлигии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо истифода аз мақоми хизматиаш дар асоси маслиҳати пешакӣ бо шаҳрвандон О.С. ва А.М. бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ, моҳи октябри соли 2021 ба боварии шаҳрванд Дӯстов Ҳусейн Амонқулович, сокини шаҳри Панҷакент, Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, деҳаи Деваштич даромада, ба номбурда бидуни қарори дахлдори раиси шаҳр барои сохтмони манзили истиқоматӣ аз ҳисоби заминҳои маҳалли аҳолинишини мавзеъи “Хамиртеппа”, ки дар тарҳи №1612 харитаи заминистифодабарии собиқ ШК ба номи “Ҳ.Хӯҷамуродов” ҷойгир аст, майдони 600 метри мураббаъ қитъаи заминӣ ҷамъиятӣ, ки барои насб намудани трансформатор пешибинӣ шудааст, ғайриқонунӣ ҷудо карда дода, бо баҳонаи ҷудо ва ҳуҷҷатгузории қитъаи заминӣ наздиҳавлигии ғайриқонунӣ ҷудокардааш, дар ду ҳолат  маротибаи аввал моҳи октябри соли 2021 маблағи 31000 сомонӣ, маротибаи дуюм моҳи майи соли 2022 маблағи 6000 сомонӣ ва маротибаи сеюм моҳи июни соли 2022 ба маблағи 3000 сомонӣ ҷамъ  40 000 сомонӣ дар назди манзили истиқоматии охирон воқеъ дар суроғаи шаҳри Панҷакент, Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, деҳаи Деваштич бо воситаи А.М. талаб карда гирифта, аз ин ҳисоб 38 000 сомониашро ба А.М.. дода, боқимонда маблағро ба манфиати шахсиаш сарф кардааст, ки дар натиҷа ба хоҷагии номбурда ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расидааст.

Ба ғайр аз ин, А.Ф. кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, такроран, дидаву дониста, ки ваколати ҷудо карда додани қитъаи заминро надорад, бо мақсади ба даст даровардани даромади муфти пулӣ, бо истифода аз мақоми хизматиаш, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо А.М., бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ моҳи ноябри соли 2021 ба  боварии шаҳрванд Муқбилов Маҳмуд Абдуллоевич даромада, ба охирон аз ҳисоби заминҳои фонди наздиҳавлигии Ҷамоати деҳоти Х.Ҳасан, мавзеъи “Хамиртеппа”, ки дар тарҳи №1619 харитаи заминистифодабрии собиқ ширкати кишоварзии ба номи “Ҳ.Хуҷамуродов” ҷойгир буда, барои бунёди иншоотҳои хизматрасонӣ пешбинӣ гардидааст, барои сохтмони манзили истиқоматӣ ба масоҳати 400 метри мураббаъ қитъаи заминро ғайриқонунӣ ҷудо карда дода, аз номбурда худи моҳи ноябри соли 2021 бо баҳонаи ҷудо ва ҳуҷҷатгузории қитъаи замин бо воситаи А.М. 21 000 сомонӣ маблағи пулӣ дар назди бозори марказии шаҳри Панҷакент гирифта, аз ин 11000 сомониашро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф карда, боқимонда 10000 сомониашро ба А.М. додааст, ки дар натиҷа ба манфиати Муқбилов М.А. ба миқдори калон зарари моддӣ расонидаанд.

А.Ф. аз содиркунии ҷиноят даст накашида, онро идома дода, такроран, бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ, бо истифодаи мақоми хизматиаш ба боварии шаҳрванд Давлатов Авазбек Каримович даромада, ба Давлатов А.Г. моҳи июли соли 2022 бидуни қарори дахлдори раиси шаҳр аз заминҳои маҳалли аҳолинишинӣ мавзеъи “Хамиртепа”, ки дар тарҳи №1609 харитаи заминистифодабарии собиқ ШК ба номи “Ҳ.Хӯҷамуродов” ҷойгир аст, ба майдони 600 метри мураббаъ қитъаи заминро ғайриқонунӣ ҷудо карда дода, аз номбурда бо баҳонаи ҷудо ва ҳуҷҷатгузории қитъаи замини ғайриқонунӣ моҳи июли соли 2022  бо воистаи Давронов Т.Б. 8000 сомонӣ маблағи пулӣ талаб карда, аз ин маблағи 5000 сомониашро ба воситаи шиносаш Давронов Т.Б.  гирифта, ба эҳтиёҷоти шахсиаш харҷ намуда, ба манфиати Давлатов А.К. ягон амалро иҷро накардааст, ки дар натиҷа ба хоҷагии охирон зарари ҷиддии  моддӣ расонидааст.

Бо ҳамин монанд О.С. баръало дидаву дониста, ки ваколати ҷудо карда додани қитъаи заминро надорад, тахминан охирҳои моҳи декабри  соли 2017 тибқи маслиҳати пешакӣ бо А.М., бо мақсади ба даст даровардани даромади муфти пулӣ, нақшаи ҷинояткоронаи ғайриқонунӣ фурўхтани заминҳои наздиҳавлигии ба шаҳрвандон аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии “Ризо”-и Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун фонди замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидааст ва дар як қисмаш сокинон манзилҳои истиқоматӣ бунёд накарданд, тарҳрезӣ намуданд.

Баъди ин, А.М. тибқи маслиҳати пешакиаш бо О.С. бо шаҳрванд Дӯстов Зайнулобиддин Амонқулович, сокини шаҳри Панҷакент, Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, деҳаи Деваштич, ки ба қитъаи замини наздиҳавлигӣ эҳтиёҷ дошт вохўрда, ўро бовар кунонидааст, ки метавонад бар ивази маблағи 45 000 сомонӣ ба номбурда аз ҳудуди заминҳои мавзеъи “Хамиртеппа”-и Ҷамоати деҳоти Х.Ҳасан ба майдони 700 метри мураббаъ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо ва онро ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ кунад, ки Дӯстов З.А. ба А.М. бовар карда, бо мақсади харидорӣ намудани қитъаи замин бо ҳамроҳии А.М. ба сари замин рафта, қитъаи замини пешниҳодкардаи А.М.-ро аз наздик дидан намуда, барои харидорӣ намудани ин қитъаи замин розӣ шудааст.

Минбаъд, О.С. тибқи маслиҳати пешакиаш бо А.М. моҳи феврали соли 2018, бидуни қарори дахлдори раиси шаҳр ба Дӯстов З.А. барои сохтмони манзили истиқоматӣ аз ҳисоби заминҳои маҳалли аҳолинишинӣ мавзеъи “Хамиртеппа”, ки дар тарҳи №1566 харитаи заминистифодабарии собиқ ШК ба номи “Ҳ.Хӯҷамуродов” ҷойгир аст, майдони 700 метри мураббаъ қитъаи заминро ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ғайриқонунӣ ҷудо карда дода, бар ивазаш аз номбурда дар се ҳолат дар маҷӯъ, 45 000 сомонӣ гирифтааст.

Ҳамзамон, О.С. ва А.М. бо мақсади қонунӣ вонамуд кардани амалҳои ғайриқонунии худ, ба шаҳрванд Дӯстов З.А. ба он қитъаи замини ғайриқонунӣ ҷудокардааш шиносномаи техникӣ омода карда додааст, ки охирон ба А.М. ва О.С. бовар карда, дар давоми соли 2018 дар он қитъаи замини аз тарафи номбурдагон ба ў ғайриқонунӣ ҷудошуда манзили истиқоматӣ бунёд намудааст, ки дар натиҷа ба манфиати давлат зарари ҷиддӣ расидааст.

О.С. кирдорҳои ҷиноятиашро идома дода, такроран, бо мақсади ба даст даровардани даромади муфти пулӣ, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо А.М. бо мақсади амалӣ намудани нақшаи ҷинояткоронаашон ба шаҳрванд Норматов Аслидин Султонович, сокини шаҳри Панҷакент, Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, деҳаи Наврӯзтеппа пешниҳод намудааст, ки бар ивази маблағи 40 000 сомонӣ метавонад ба охирон аз мавзеъи “Хамиртеппа”-и Ҷамоати деҳоти Х.Ҳасан майдони 600 метри мураббаъ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо ва ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ намояд, ки Норматов А.С. бинобар эҳтиёҷмандӣ замини наздиҳавлигӣ буданаш, ба ин пешниҳоди А.М. ва О.С. розӣ шудааст.

Сипас, О.С. тибқи маслиҳати пешакиаш бо А.М. моҳи августи соли 2021 бидуни қарори дахлдори раиси шаҳр ба Норматов А.С. барои сохтмони манзили истиқоматӣ аз ҳисоби заминҳои маҳалли аҳолинишинӣ мавзеъи “Хамиртеппа”, ки дар тарҳи №1619 харитаи заминистифодабарии собиқ ширкати кишоварзии ба номи “Ҳ.Хуҷамуродов” ҷойгир аст, масоҳати 600 метри мураббаъ қитъаи замини наздиҳавлигии ба шаҳрванд Ҳамроқулов Ҷамшед дар асоси қарори Раиси шаҳри Панҷакент аз 15 декабри соли 2010 таҳти №384 таалуқдоштаро ғайриқонунӣ ҷудо карда дода, аз Норматов А.С. бар ивазаш дар маҷӯъ, 40000 сомонӣ гирифтааст.

Баъдан, О.С. бо мақсади қонунӣ вонамуд кардани амалҳои ғайриқонунии худ, ба шаҳрванд Норматов А.С. расман ваколатнома додааст, ки Норматов А.С. метавонад дар ҳавлии истиқоматии ба ӯ таалуқдошта сохтмон намояд.

Норматов А.С. бошад, ба  О.С. ва А.М. бовар карда, моҳи сентябри соли 2021 дар он қитъаи замини аз тарафи номбурдагон ба ў ғайриқонунӣ ҷудошуда манзили истиқоматӣ бунёд намудааст, ки дар натиҷа ба манфиати Ҳамроқулов Ҷ. ва давлат зарари ҷиддӣ расидааст.

О.С. кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, такроран, дар асоси маслиҳати пешакӣ бо А.М. бидуни қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси шаҳр оид ба замини маҳалли аҳолинишин гузаронидани заминҳои кишоварзӣ, моҳи сентябри соли 2020 ба шаҳрванд Дӯстов Ҳусейн Амонқулович, сокини шаҳри Панҷакент, Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, деҳаи Деваштич, аз ҳисоби заминҳои кишоварзии хоҷагии деҳқонии “Орзу” воқеъ, дар шаҳри Панҷакент, Ҷамоати деҳоти Х.Ҳасан, деҳаи Хамиртеппа, ки дар тарҳи №1586 харитаи заминиистифодабрии собиқ ширкати кишоварзии ба номи “Ҳ.Хуҷамуродов” ҷойгир аст, майдони 600 метри мураббаъ қитъаи заминро ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ғайриқонунӣ ҷудо карда дода, бар ивазаш аз номбурда дар маҷӯъ, 60000 сомонӣ талаб карда, аз ин худи моҳи сентябри соли 2020 маблағи 18 000 сомониашро гирифта, ваъда додааст, ки ба ин қитъаи замин ба номаш ҳуҷҷатҳои дахлдорро омода мекунанд.

О.С. аз содиркунии ҷиноят даст накашида, онро идома дода, такроран, бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ моҳи октябри соли 2021 ба боварии шаҳрванд Хисомов Раҳмонқул Бозорович, сокини шаҳри Панҷакент, кучаи Сомониён даромада, ба номбурда бидуни қарори дахлдори раиси шаҳр аз заминҳои маҳалли аҳолинишини мавзеъи “Хамиртеппа”-и Ҷамоати деҳоти Х.Ҳасан, ки дар тарҳи №1576 харитаи заминистифодабарии собиқ ШК ба номи “Ҳ.Хӯҷамуродов”ҷойгир аст, майдони 600 метри мураббаъ қитъаи заминро, ки ба шаҳрванд Ҳалимова Мутриба Ҷӯраевна тибқи қарори раиси шаҳри Панҷакент аз 15.12.2010 сол таҳти №384 ҷудо шудааст, ғайриқонунӣ ҷудо карда дода, аз номбурда бо баҳонаи ҷудо ва ҳуҷҷатгузории қитъаи замини ғайриқонунӣ моҳи октябри соли 2021 маблағи 35 000 сомонӣ талаб карда, аз ин маблағ 3000 сомониашро моҳи октябри соли 2021 воқеъ дар суроғаи шаҳри Панҷакент, кучаи Сомониён гирифта,ба эҳтиёҷоти шахсиаш харҷ намуда, ба манфиати Хисомов Р.Б. ягон амалро иҷро накардааст, ки дар натиҷа ба хоҷагии Хисомов Р.Б.зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

Суд  кирдори судшаванда А.Ф.ро бо моддаи 338 иловаи 1 қисми 2 бандҳои “а,б,в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин, такроран, бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи шахсон, бо истифодаи ваколатҳои мансабӣ, пешбинӣ мекунад банду баст менамояд.

Инчунин суд кирдори судшаванда А.Ф.ро бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр, бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ, бо аломатҳои аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, аз ҷониби шахс бо истифодаи мақоми хизматӣ бо расонидани зарар ба миқдори махсусан калон ба шаҳрванд содир шуда бошад, пешбинӣ  менамояд банду баст менамояд.

Илова бар он суд дар асосҳои далелҳои ҷамъовардашуда ба хулоса омад, ки ҳақиқатан ҳам судшавандагон А.М. ва О.С. ҷиноятҳои дар моддаҳои 338 иловаи 1 қисми 2 бандҳои “а,б” КҶ ҶТ.  ва 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 247 қисми 4 банди “Б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо содир намудаанд.

Суд кирдори судшаванда А.М. -ро бо моддаи 338 иловаи 1 қисми 2 бандҳои “а,б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин, такроран, аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ , пешбинӣ мекунад банду баст менамояд.

Инчунин суд кирдори судшаванда А.М. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр, бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ, бо аломатҳои такроран, аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, бо расонидани зарар ба миқдори махсусан калон ба шаҳрванд содир шуда бошад, пешбинӣ  менамояд банду баст менамояд.

Ҳамчунин суд кирдори судшаванда О.С.-ро бо моддаи 338 иловаи 1 қисми 2 бандҳои “а,б”  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои ғайриқонунӣ додани қитъаи замин, такроран, аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ , пешбинӣ мекунад банду баст менамояд.

Аз ин рӯ суд кирдори судшаванда О.С. бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр, бо роҳи фиреб ё сӯиистифодаи боварӣ, бо аломатҳои такроран, аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, бо расонидани зарар ба миқдори махсусан калон ба шаҳрванд содир шуда бошад, пешбинӣ  менамояд банду баст менамояд.

Бо ҳукми Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд судшаванда А.Ф., дар содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 338 иловаи 1 қисми 2 бандҳои “а,б,в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, судшавандагон О.С. ва А.М. дар содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 338 иловаи 1 қисми 2 бандҳои “а,б,” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба онҳо ҷазои сазовор таъин карда шуд.