Ҷавобгарии маъмурӣ барои пешниҳод накардани эъломия

Ҷавобгарии маъмурӣ барои пешниҳод накардани эъломия

Ҳуқуқвайронкунанда Б.А. бо воситаи нақлиёти тамғаи «ЧАНХУ» рақами қайди давлатиаш 3205 НА 02 дар ҳудуди гумруки ш.Панҷакент бо 60 (шаст) адад обҳои ташнашикани “Квас бочковий” ғунҷоишаш 2 литраи истеҳсоли Ҷумҳурии Узбекситон бе пешниҳоди эъломия (декларатсия) ба мақомоти гумрук ворид намудааст, ки дар натиҷа аз тарафи корманди гумруки Панҷакент боздошт гардида дар ин хусус нисбаташ бо қисми 1 моддаи 578 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Б.А.-ро бо қисми 1 моддаи 578 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои Барои пешниҳод накардани эъломия (декларатсия) ё нодуруст пешниҳод кардани эъломияи мол ва ё воситаи нақлиёт, ки бояд дар шакли муқарраршуда (хаттӣ, даҳонӣ ё электронӣ) мавриди эъломиякунонӣ қарор гирад банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Б.А. дар доираи раводиди қисми 1 моддаи 578 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима бо мусодираи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.