Аз ҷониби ронандагон таъмин карда натавонистани бехатарии ҳаракат дар роҳ

Аз ҷониби ронандагон таъмин карда натавонистани бехатарии ҳаракат дар роҳ

Ҳуқуқвайронкунанда Ҳ.А. 14.03.2022 сол соати 18:00 дақиқа бо воситаи нақлиёти тамғаи «Опел – Астра» рақами қайди давлатиаш 0732 FF 01 дар роҳи мошингарди хиёбони Рӯдакии ш.Панҷакент банди 3.11 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста тавассути гардиш кардан бо чап бурида гузаштааст, ки дар ин маврид ронандаи скутер ноболиғ Н.А. бо қисми пеши автомашинааш  бархурдааст, ки дар натиҷаи садамаи нақлиёти Н.А. ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаст. Ҳолати мазкур аз ҷониби нозири ХРД ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Панҷакент муайян гардида нисбати ӯ протокол тартиб дода, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда Ҳ.А.-ро бо моддаи 333 қисми 3 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки боиси расонидани зарари сабук ба саломатии инсон гаштааст банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда Ҳ.А. дар доираи раводиди моддаи 333 қисми 3 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин намуд.