Аз ҷониби ронандагон таъмин карда натавонистани бехатарии ҳаракат дар роҳ

Аз ҷониби ронандагон таъмин карда натавонистани бехатарии ҳаракат дар роҳ

Ҳуқуқвайронкунанда С.М. санаи 26.04.2021 сол соати 09:10 дақиқа бо воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес – Бенс» рақами қайди давлатиаш 7993 ВВ 02 дар шоҳроҳи Айнӣ – ш.Панҷакент дар 68, 93 км, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста ба самти муқобил баромада ба дарахти дар канори  чаппи роҳ мавҷуд буда бархӯрда автомашинаро чапапа кардааст, ки дар натиҷа худи ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта ба беморхона бистари гардидааст.  Ҳолати мазкур аз ҷониби нозири ХРД ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Панҷакент муайян гардида нисбати ӯ протокол тартиб дода, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда С.М.-ро бо моддаи 333 қисми 3 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки боиси расонидани зарари сабук ба саломатии инсон гаштааст банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда С.М. дар доираи раводиди моддаи 333 қисми 3 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин намуд.