Бархурди автомашина бинобар таъмин карда натавонистани бехатарии ҳаракат дар роҳ

Бархурди автомашина бинобар таъмин карда натавонистани бехатарии ҳаракат дар роҳ

Ҳуқуқвайронкунанда П.Т. 14.03.2022 сол соати 10:00 дақиқа бо воситаи нақлиёти тамғаи «Опел – Астра» рақами қайди давлатиаш Т 7309 D 02 дар роҳи мошингарди Айнӣ – Панҷакент банди 3.11 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста бо дигар автомашина  бархурдааст, ки дар натиҷаи садамаи нақлиёти ҳардуи автомашинаҳо осеб бардоштаст. Ҳолати мазкур аз ҷониби нозири ХРД ШБДА ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Панҷакент муайян гардида нисбати ӯ протокол тартиб дода, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда П.Т.-ро бо моддаи 333 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки боиси зарар дидани воситаи нақлиёт гаштааст банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф намуда, бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда П.Т. дар доираи раводиди моддаи 333 қисми 1 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъин намуд.