Барои бе иҷозатнома амалӣ намудани фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд ҷавобгарии маъмури пешбини шудааст.

 

 

Барои бе иҷозатнома амалӣ намудани фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд ҷавобгарии маъмури пешбини шудааст.

М.Х  Санаи 24.09.2019 сол тахминан соати 09:20 дақиқа ҳангоми гузаронидани корҳои назорати дар нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ дар ҳудуди ш.Панҷакент муайян карда шудааст, ки Маматқулов Х. дар кӯчаи Навобод бидуни иҷозатнома ба хизматрасонии воситаҳои нақлиёт машғул шудааст, ки бо ин кирдораш талаботи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»-ро вайрон намудааст. Бо таъиноти сардори РХДНТСН-и минтақаи Зарафшон аз 24.09.2019 нисбаташ бо моддаи 510 қисми 2 КХМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

Бинобар ин суд, кирдори содир намудаи ҳуқуқвайронкунанда М.Х.-ро бо моддаи 510 қ.2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмуриро барои бе иҷозатнома амалӣ намудани фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамояд, пешбинӣ менамояд банду баст менамояд ва гунаҳгории охиронро тасдиқшуда эътироф мекунад.

Бо қарори Суди шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд нисбати ҳуқуқвайронкунанда М.Х. дар доираи раводиди моддаи 510 қ.2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ҷарима таъин карда шуд.