Баромад дар шабакаи телевизионии “Ҷаҳоннамо”

           Имрӯз раиси суди шаҳри Панҷакент Мирзоҳомидзода Д. ва судяҳои суди мазкур бо мақсади баланд бардоштани маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғибу ташвиқи қонунҳо вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” баҳри пешгири намудани воридшавии наврасону ҷавонон ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Барномаи давлати оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила барои солҳои 2014 – 2023 ва таъмини иҷрои бандҳои дахлдори Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи “Стратегияи милли мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» баромадҳо намуданд, ки он тавассути шабакаи телевизионии “Ҷаҳоннамо” намоиш дода шуд.